Бо мусоидати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон муддати як ҳафта ба ин кишвари домани хуршед сафар доштем. Сафари мазкур натиҷаи ҳамкории чандинсолаи мо бо Ассотсиатсияи кумак ва дастгирии Ҷопон буда, барои шиносоӣ бо назария ва амалияи фаъолияти соҳаи маориф дар бахши таҳсилоти фарогир равона шуда буд.
Усул ва муносибати озод
Аввалин бардошти мо аз ин сафар озод будани таълим дар Ҷопон ва муносибати омӯзгор бо хонандагони имконияташон махдуд буд. Хонанда боҷуръат ва озодона фикрашро баён мекунад, ба фикрронӣ ва андешаи вай хамчун як фарди ҷомеа эҳтиром гузошта мешавад. Дар ҳамаи синфҳои ибтидоӣ дарсҳо бо усули бозӣ баргузор мегарданд ва натиҷаи хуб медиҳанд. Зеро бозӣ барои кӯдакон фаҳмо буда, ҳама гуна маҳдудиятро аз байн мебарад, девори нобоварии байни омӯзгор ва хонандаро аз байн мебардорад.Тамоми саъю талоши омӯзгор ба он хотир аст, ки садде миёни ӯ ва хонандагон набошад. Тарзи истифодаи рангҳо низ хеле ҷолиб аст, зеро таваҷҷуҳро бештар ҷалб мекунад. Истифодаи бӯри ранга ва навишти ҳарфҳо бо рангҳои мухталиф боиси таъсиррасонии бештар ба зеҳну фаҳми хонанда мешавад.
Ҳар як омӯзгор бо хонанда ҳамчун фарзанди худ муносибат мекунад. Ба синфхона ворид мешавем. Ин яке аз ду синфхонаи захиравии шаҳри Синегава буда, он ҷо кӯдакони дорои нуқси ақлонӣ таълим мегиранд. Омӯзгор бо ҳавсалаи том ҷавобҳои яке аз кӯдакони имконияти ақлониашон маҳдудро гӯш дода, бо қаноатмандӣ аз ҷавобҳо ҳар кадомро таъриф мекунад. Ин ба хонандаи дигари синф писанд намеояд, бо қаҳр аз ҷояш мехезад ва дар як кунҷи синфхона ҷо мегирад. Ин ҳолатро омӯзгор бо сабурӣ ва мамнунӣ таҳаммул мекунад. Касе аз аҳли синф низ чизе намегӯянд. Баъди чанде худи хонандаи қаҳркарда гӯё чизе нашуда бошад, ба ҷояш бармегардад ва дарс идома меёбад. Барои омӯзгор ҳамаи хонандагон чун аъзои оилаи тифоқ буда, озодии интихоб тифоқии ин оиларо таъмин сохтааст.
Дарвоқеъ, ба хонандагон боварӣ хеле зиёд аст. Чор нафар хонандагон чун роҳбалад моро бо мактаб шинос карда, иттилооти зиёдро дар бораи мактаб ба мо пешниход мекунанд.
Оила - шарики воқеии мактаб
Дар ҳар муассисаи таълимие, ки будем, як нукта таваҷҷуҳи моро ба худ ҷалб сохт: волидон бо мактаб муносибати самимӣ ва хеле наздик доранд, дар ҳамаи чорабиниҳо фаъолона иштирок мекунанд. Аз ҷумла, дар таҷлили иду маросимҳои мактабӣ. Чунончи, дар иди тобистон, ки дар мактабҳо гузаронида мешавад, волидон иштироки фаъолона доранд. Барои дастгирии фарзандони худ онҳо чизеро дареғ намедоранд, эшонро ҳаматарафа дастгирӣ мекунанд, кӯчактарин дастоварди фарзанди хешро қаҳрамонии беназир ҳисоб мекунанд, қадрдонӣ менамоянд ва дар замири ин тифлакон шуълаи умеду бовариро ба фардои дурахшон ҳамеша равшан нигоҳ медоранд.
Дар ҳар як таълимгоҳ барои хонандагон ҳавзҳои шиноварӣ мавҷуданд, ҳамарӯза як соат дарсҳои махсуси шиноварӣ роҳандозӣ шудаанд, ки барои наврасон имкони солимии рӯҳу танро фароҳам меоранд. Дар гӯшаи дигари мактаб маҳсули дасти хонандагон ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Волидон ва меҳмонон бо дастранҷи мактабиён ошно гардида, онҳоро сазовор баҳогузорӣ мекунанд. Ин ҳавасмандӣ офаридан ва эҷод карданро дар замири мактаббачагон боз ҳам бештар мегардонад. Илова бар ин, хонандагон ба парвариши гул ва истеҳсоли сабзавот машғуланд. Аз самари заҳмати худ дар ошхона нӯши ҷон намуда, гӯшаҳои табиати зиндаро нигаҳдорӣ мекунанд. Дар як мактаб парвариши харчангҳоро дар қуттӣ дучор омадем. Ҳамаи ин муносибати хонандагони имконияташон маҳдудро ба табиати зинда муайян месозад ва дар офаридани неъматҳои моддӣ саҳмгузории онҳоро баръало нишон медиҳад. Волидон бо завқ амалҳои неки фарзандони худ менигаранд ва чунин ба назар мерасад, ки ҳама парвардагони як оилаи тифоқу бонизоманд. Маҳз машғул будан ба корҳои фоиданок хонандагонро беназорат намемонад ва заҳмат аз синни хурдӣ онҳоро барои шинохти қадри меҳнати ҳалол ва ба нафъи ҷомеа сафарбар мекунад.
Баракати заҳмати ҳалол
Воқеан, самари заҳмати ҳалолро дар хоҷагии фермерие, ки дар он 16 нафар одами имконияти ақлониашон маҳдуд соатбайъ кор мекунанд, амалан эҳсос кардем. Тсумураки яке аз нафаронест, ки дар ин хоҷагӣ корбариро аз мутахассисон омӯхта, имрӯз дар парвариши маҳсулоти кишоварзӣ саҳм мегирад. Ҳамчунин, ӯ дар қабристон низ ба рӯбучин ва тозаву озода нигоҳ доштани водии хомӯшон машғул аст. «Барои ман дар муҳити кории хоҷагӣ иштирок намудан ва ба парвариши маҳсулоти кишоварзӣ машғул будан хеле мақбул аст», - мегӯяд вай. Зеро машғул будан бо кор ҳамаи фикрҳои дигарро аз сар дур мекунад.
«Дар ҳақиқат онҳое, ки дар ин хоҷагӣ кор мекунанд, ҳатто бемории худро фаромӯш кардаанд, – мегӯяд роҳбари хоҷагӣ хонума Массуда. - Аз ҳама муҳимаш маҳсулоти кишоварзии омодашударо мо ба оилаҳои камбизоат тақсим карда медиҳем. Даромади яксолаи хоҷагии мо қариб 5 миллион долларро ташкил медиҳад.
Вакайя- корманди дигари ин хоҷагӣ мегӯяд, ки вақте танҳо буду бекор, тез – тез аз ҳуш мерафт ва гирифтори беморӣ буд. Машғул будан ба заҳмат на танҳо бемориро рафъ намуд, балки акнун ӯ соатҳо дар саҳро кор мекунаду табъаш доимо кушода аст ва чӣ тавр гузаштани рӯзро низ ҳис намекунад. Зеро дар ин хоҷагӣ дастаҷамъона самари заҳмати ҳалоли худро барои нафъи ҷомеа мебинанду наҷоти худро дар меҳнати содиқона дарёфтаанд.
Таҳсилоти воқеан фарогир
Шиносоӣ бо муассисаҳое, ки дар онҳо таҳсилоти фарогир дар Ҷопон роҳандозӣ шудааст, моро ба хулосае овард, ки чор сабаби асосии рушди таҳсилоти фарогир мавҷуд аст: ба қадри инсон расидан, таъмини озодии андеша, имкони интихоби васеи пешниҳоди фикр ва ташаббускорӣ. Бешубҳа, қадри инсону арҷгузорӣ ба шарафи шахс боиси он мешавад, ки инсон қадру қиммати худро дар ҷомеа эҳсос кунад. Сониян, озодии андеша боиси он шуда, ки муносибат миёни омӯзгор ва хонандаи имконияташ маҳдуд табиӣ ва самимӣ сурат мегирад; пардаи нобоварӣ бардошта мешавад ва ҳамдигарфаҳмиву эътимод самарнокиро таъмин мекунад; қобилияти пешниҳоди фикр имкони озодии баёнро меафзояд ва ҳамзамон гуногунандеширо тақвият мебахшад. Ва ниҳоят, ташаббускорӣ муҳимтарин унсурест, ки ҷомеаро бетафовут ба атрофиён намесозад, балки ҳамраъю ҳамдил ва дилсӯзи ҳамдигар мекунад. Зеро одамон ба якдигар ниёз доранд ва хусусан онҳое, ки имконияти маҳдуд доранд, бештар ба дилсӯзӣ ва ҳамбастагӣ эҳтиёҷманданд.
Наргис МУҚИМЗОДА,
мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор,
номзади илмҳои педагогӣ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр