Нашрияи Омӯзгор

Қадрдонии омўзгорони пойтахт

Сана: 2021-10-07        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

2-юми октябри соли равон  бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Кохи Суруши пойтахт ба муносибати Рўзи омўзгорон маросими идона баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, кормандону собиқадорони соҳаи маорифи пойтахт иштирок ва суханронӣ карданд.

Мавсума Муинӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе, паёми шодбошии Раиси шаҳр, муҳтарам Рустами Эмомалиро ба ҳозирин ироа намуда, омўзгорону кормандони соҳаи маорифи пойтахтро ба муносибати Рўзи омўзгорон табрик гуфт. Номбурда қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро ҳамеша аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоӣ қарор дода, барои татбиқи амалии он ва таъмин намудани шароити ҳар чи беҳтар барои омўзгорон ва наслҳои наврас ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонанд. Бо шарофати ғамхориву дастгириҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар давраи солҳои 2017-2021 29 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 22866 ҷои нишаст дар як баст ва 11 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои 2270 кўдак бунёду азнавсозӣ ва аз таъмири асосӣ бароварда шудаанд, ки маблағи умумии онҳо 752 млн. 561 800 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҷараёни баргузории маросим, бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии омўзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихориро ба даст овардаанд, тарғиби таҷрибаи босамари омўзгорӣ, баланд бардоштани мақоми омўзгор дар ҷомеа, мутобиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 1 октябри соли 2021, таҳти №573 “Дар бораи ҳавасмандгардонии омўзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе” 79 омўзгори пешқадаму сермаҳсул бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000  сомонӣ ҳар кадом ҳавасманд гардонида шуданд.

Ҳамзамон, теъдоде аз пешсафони соҳаи маориф бо Ифтихорномаи Раиси шаҳри Душанбе, нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардиданд.

Инчунин, ба соҳибкороне, ки дар бунёди муассисаҳои таълимӣ дар пойтахт саҳм гузоштаанд, туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим карда шуданд.

Беш аз 40 нафар собиқадори соҳаи маорифи пойтахт, ки дар рушду пешрафти маорифи пойтахт, аз ҷумла, бунёди муассисаҳои типи нав, ҷорӣ кардани навгониҳо, таҳияи барномаҳои таълимӣ, таълиму тадриси насли наврас дар рўҳияи ватандўстиву ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, омода намудани кадрҳои болаёқат ва муаррифии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ нақши назаррас доранд, армуғонҳои идона тақдим гардиданд.

Сипас, бо иштироки сарояндагони номвару машҳури кишвар Афзалшо Шодиев, Лутфулло Давлатов, Ҳаётой Муъминова, Файзигул Юсуфова барои ҳозирин барномаи хотирмони фарҳангӣ пешниҳод шуд.

Дилафрўз Қурбонӣ,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш