2 октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Аловуддини деҳоти Фархор бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бунёди муассисаи мазкур дар натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои доимии роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба мактабу маориф аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” бо маблағгузории Фонди саудии рушд амалӣ карда шудааст.
Бино аз 2 қисм иборат буда, масоҳати умумии қитъаи замини муассисаи таълимӣ 1,4 га-ро ташкил медиҳад. Муассисаи мазкур барои 1240 ҷойи нишаст дар ду баст сохта шудааст.
Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омўзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040-ро “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карданд. Бо мақсади татбиқи муваффақонаи ин ҳадаф дар муассисаи навбунёди таълимӣ тамоми шароитҳо фароҳам мебошанд. Аз ҷумла, барои инкишоф додани зеҳни хонандагон синфхонаи шоҳмот ташкил гардида, он бо тахтаи электронӣ ва компютерӣ, 16 ҷойи нишаст ва 4 ҷуфт тахта барои бозии шоҳмот таъмин карда карда шудааст.
Синфхонаи компютерии мактаби навбунёд дорои таҷҳизоти муосир, аз ҷумла, компютеру тахтаи электронӣ ва дастгоҳҳои чопӣ мебошад.
Синфхонаҳои фаннии таълими меҳнат барои духтарон ва писарон бо асбобҳои дуредгарӣ, тахтабурӣ ва коркарди оҳан, дастгоҳҳои адрасбофӣ, қолинбофӣ ва мошинаҳои дўзандагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Синфхонаҳои фаннӣ, ба монанди физика, химия ва биология ва китобхонаи таълимгоҳ бо тахтаи электронӣ, компютер ва таҷҳизоти лабораторӣ барои гузаронидани озмоишҳо таъмин мебошанд.
Бо мақсади гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ дар саҳни муассиса бо тарҳи замонавӣ парчам барафрохта шудааст, ки баландии он ба 13,5 метр баробар мебошад. Гирду атрофи муассисаи таълимии навбунёд бо санъати меъморӣ тасвир ёфта, сафолакпўш ва гулу гулкорӣ карда шудааст.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр