Нашрияи Омӯзгор

Кўдакистони “Оиша” дар деҳаи Меҳнатобод

Сана: 2021-10-07        Дида шуд: 842        Шарҳ: 0

 

4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакии ноҳияи Восеъ муассисаи томактабии хусусии “Оиша”-ро ифтитоҳ намуданд.

Бинои нави Муассисаи таълимии томактабӣ аз ду ошёна иборат мебошад. Иншоот аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Махтумбӣ Абдулҳаева бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ дар масоҳати 0,73 гектар бунёд карда шудааст.

Муассисаи томактабии хусусии “Оиша” дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосиру миллӣ сохта шудааст. Бунёди чунин муассисаи наву замонавии томактабӣ дар баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва маърифатнокии насли ояндасози миллат мусоидат мекунад. Дар муассиса барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 210 кўдак имконият мавҷуд мебошад. Мавриди зикри хос аст, ки дар ин ҷо 20 кўдаки ятим ва аз оилаҳои ниёзманд ройгон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Дар кўдакистони “Оиша” 12 мураббӣ ба кор ҷалб гардидаанд ва таълим дар он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

Муассисаи таълимии томактабии “Оиша” дорои ҳуҷраи қабули кўдакон, синфхонаи компютерӣ, ҳуҷраҳои васеъи таълимӣ, мусиқӣ, толор барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳуҷраҳои барҳавои хоб, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, ҳар кадоми он бо мизу ҷевон ва дигар лавозимот муҳайё карда шудааст.

Атроф ва роҳравҳои бинои навбунёдро дар масоҳати 1800 метри мураббаъ сафолакпўш намудаанд. Дар ҳудуди иншоот 120 бех ниҳоли ҳамешасабзи ороишӣ ва 30 ҳазор дона гулҳои ҳаррангаи мавсимӣ шинонида шудааст. Рўшноии иншоотро дар шаб 80 фурўзонак дар сутунпояҳои гуногун таъмин менамояд.

Сокинони деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакии ноҳияи Восеъ аз иқдомҳои ободонию созандагӣ ва фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия барои кўдакон бо хушнудӣ истиқбол намуда, ин иқдомро натиҷаи таваҷҷуҳу дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф арзёбӣ менамоянд.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кўдакистони мазкур бо мураббиёну масъулини ин даргоҳи таълимӣ суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, тарбиятдиҳандагонро ба он ҳидоят намуданд, ки насли наврасро дар рўҳияи ватандўстию хештаншиносӣ ва омўхтани илмҳои муосир ба воя расонанд.

Дар ин ҷо аз ҷониби Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кўдакони хуштолеъ туҳфаҳо тақдим карда шуд.

 

President.tj

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш