2 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор ҳамчунин бинои нави таълимии Муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббиро мавриди истифода қарор доданд.
Коллеҷи тиббӣ бо дарназардошти талаботи ҷаҳони муосир бунёд шуда, барои 440 нафар дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Насим Додиев бунёд гардид. Корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Парандапарвари Фархор» анҷом дода, он дар масоҳати умумии 650 метри мураббаъ доман густурдааст.
Ба Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки муассиса дар ноҳия ягона коллеҷи хусусӣ аст, ки барои омода намудани мутахассисони соҳаи тиб равона гардидааст ва дар он аз рўи 3 ихтисос - кори ҳамширагӣ, умумитиббӣ ва фарматсевтӣ мутахассис омода менамоянд.
Қобили зикри хос аст, ки муассисаи навбунёд аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 12 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла, утоқҳои химия, биология ва фанни морфологӣ буда, ҳамзамон озмоишгоҳ барои гузаронидани машғулиятҳои лабараторӣ фаъолият менамояд.
Пешвои муаззами миллат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми башардўстонаи соҳибкорро шоистаи таҳсин хонданд. Ба фаъолият пардохтани муассисаи таълимии тиббиро дар ноҳия, Сарвари давлат ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти норасоии кадрҳои соҳаи тиббӣ мусоидаткунанда арзёбӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Соҳибкори ватандўст аз дастгириҳои Президенти мамлакат изҳори миннатдорӣ намуда, уҳдадор шуд, ки ҳамчунин, дар назди муассисаи таълимӣ барои 400 нафар донишҷў хобгоҳи замонавӣ ва толору майдончаҳои варзишӣ бунёд намояд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр