Нашрияи Омӯзгор

Боз як таълимгоҳ дар шаҳраки Фархор

Сана: 2021-10-07        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

2 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Рўдакии шаҳраки Фархори ноҳияи Фархор нахуст бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи Садриддин Айниро, ки аз ҷониби соҳибкор Хуршед Нозимов бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Пудратчии сохтмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кавсар Констрактшн» буда, лоиҳаи он аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Архиком»-и шаҳри Душанбе бо усули муосири меъморӣ таҳия шудааст. Таълимгоҳ дар масоҳати умумии 1,75 гектар доман густурда, аз 3 ошёна ва таҳхона иборат аст ва дорои 34 синфхона буда, барои 2000 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо дарназардошти татбиқи «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», дар муассисаи навбунёд утоқҳои фаннӣ бо тамоми техникаю технологияи зарурии насли нав таъмин гардида, барои гузаронидани машғулиятҳои амалии хонандагон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон, таълимгоҳ аз толори маҷлисгоҳ бо 260 ҷойи нишаст, ошхона барои 160 нафар ва китобхона иборат буда, ҷиҳати омода намудани хонандагон ба озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, «Фўруғи субҳи доноӣ китоб аст», толори хониш бунёд гардидааст.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорро шоистаи таҳсин хонда, ба масъулин доир ба беҳтар намудани сатҳу сифати дониши хонандагон ва иштироки фаъолонаи муҳассилин дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию ҷаҳонӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш