Нашрияи Омӯзгор

Кўдакистони «Зарзамин» ифтитоҳ ёфт

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи томактабии “Зарзамин”-ро ба истифода доданд.

Кўдакистони мазкур бо фаъолияти чор гурўҳ барои тарбияти 160 нафар кўдак пешбинӣ шудааст. Иншоот аз 2 ошёна, гурўҳҳо - хонаҳои алоҳидаи хоб ва машғулиятгузаронӣ, толорҳои мусиқӣ ва варзиш иборат аст.

Бо бунёди кўдакистони “Зарзамин” 20 ҷойи корӣ фароҳам оварда шуда, барои кору фаъолият мутахассисони баландихтисоси соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ ҷалб гардидаанд.

Раванди таълим дар муассиса асосан бо забони тоҷикӣ сурат гирифта, ҳамзамон омўзиши забонҳои русиву англисӣ ба роҳ монда мешавад.

Муассиса бо кату рахти хоб, мизу курсиҳо, аёният ва дигар ашёи барои таълими томактабӣ зарурӣ муҷаҳҳазонида шудааст.

Мураббиёну мутахассисон, ҳайати методии кўдакистон бо истифода аз тарзу усулҳои фаъоли таълим дар татбиқи нақшаву барномаҳои давлатии ба рушди таҳсилоти томактабӣ равонагашта нақши босазо мегузоранд.

Президенти мамлакат таъсису бакорандозии муассисаҳои томактабиро барои инкишофи кўдакон муҳим арзёбӣ намуда, масъулинро барои боз ҳам зиёд намудани шумораи кўдакистон, махсусан, дар деҳот вазифадор намуданд.

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш