Олимони ҷавон, хосатан, аспирантони солҳои 2013-2015-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Комронро хеле хуб мешиносанду нағз дар ёд доранд. Зеро Комрон ҷавони дидадаро, дилсафед, кушодачеҳра ва ҳамеша дар лабонаш табассум ҳувайдо буд. Ҳамчунин, бо ҳама ҳамсабақону дўстон муносибати самимӣ дошт ва бо атрофиён хеле ҳам меҳрубон буд. Ҳеҷ гоҳ бо овози баланд ҳарф намезад ва ҳатто сари қаҳру ғазаб ҳам, бо табассум сухан мекард.
Ҳар вақте бо ў рў ба рў меомадем, бо меҳр ва аз сидқ суҳбат мекард ва қайд менамуд, ки ҳолу аҳволаш хуб аст ва аз комёбиву дастовардҳои ҳамсабақон ҳамеша ифтихор менамояд. Илова менамуд, ки агар бинам, ягон ҳамсабақамон ба дастоварде ноил шудааст, ба дўстони дигар ва дар ҷамъомадҳо мегўям: “Ин нафар бародар ва ҳамсабақи ман ва воқеан ҳам шахсияти арзанда аст”.
Агар дар бораи рафтору кирдору гуфтори Комрон аз ҳар ҳамсабақе, ки ўро мешиносад, пурсед, албатта, аз Комрони ҷавон як дунё хотираи нек дорад. Чунки бо ҳеч касе бархўрд кардан, муноқиша доштан ва кина гирифтани ўро тўли ин солҳо надида будем.
Комрон воқеан ҳам олим ва омўзгор буд. Барои ў илму дониш ва хираду маърифат мақоми аввал дошт. Бадтарин хислатҳои ҷомеаи мо, ки Комрон ҳамеша аз онҳо шикоят мебурд, маҳалгароӣ, дурўғгўйӣ ва бесаводӣ ба шумор мерафт. Ҳар вақте бо ў суҳбат мекардем, дарҳол пай мебурдем, ки аз рафтору кирдори баъзе аъзои ҷомеаи мо хеле азият мекашад. Маҳз ҳамин хислатҳои ҳамидаи инсониаш буданд, ки Комронро маҳбубу маъруфи ҳамагон гардониданд.
Миразоров Комрон Иззатуллоевич 14 октябри соли 1989 дар деҳаи Меҳвари ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Москва (ҳоло ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ), вилояти Хатлон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъд аз хатми бомуваффақияти дабистони зодгоҳаш ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рўдакӣ супорида, ин боргоҳи илму маърифатро соли 2012 ба поён мерасонад. Шавқу завқ ва пажўҳиши илмӣ Комрони ташнаи илму донишро ба самти уқёнуси беканори илм мекашад. Ҳамин аст, ки соли 2013 ба тариқи квота таҳсилро дар риштаи аспирантураи ДМТ идома медиҳад. Тавъам ба корҳои илмию тадқиқотӣ, ҳамчун ассистенти кафедраи методикаи таълими биологияи факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ба кор шурўъ менамояд. Аз соли 2015 ҳамчун муаллими калони кафедраи номбурда, роҳбари маҳфили «Биологони ҷавон», роҳбари дастаи олимпии факултаи биологияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ кор намуда, бо гирифтани ҷойҳои намоён (якум ва дуюм) дар олимиадаи ҷумҳуриявии донишҷўён ва Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сазовор шудааст. Соли таҳсили 2020-2021 шогирдонаш дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷўён ва дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» сазовори ҷойи якум гардидаанд. Дар баробари корҳои илмию тадқиқотӣ ва таълиму тарбияи кадрҳои ҷавон, якчанд дастури таълимию методӣ ва зиёда аз 25 мақолаи илмӣ, илмию методӣ ва оммавӣ таълиф намудааст. Хизматҳои бенуқсони ин олими ҷавон бо «Ифтихорномаи фахрӣ»-и Раёсати ДДОТ ба номи С.Айнӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст. Ҳамчунин, соли 2018 бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» қадрдонӣ гардидааст. Комрон дар мавзуи «Синтез ва хосиятҳои биологии баъзе дипептидҳои триптофандор ва маҷмааҳои онҳо бо иони рўҳ (II)» тадқиқот мебурд. Рисолаи номзадиаш аллакай омода, аз муҳокима гузашта буд ва дар арафаи ҳимоя қарор дошт.
Вале умр бақо накард, ки ба ин ҳадафаш бирасад. Санаи 6 июли соли 2021 хешу ақрабо, дўстону ҳамсабақон ва шогирдону ҳама нафароне, ки Комронро мешинохтанд, мотам доштанд. Зеро дар ин рўз дили пурэҳсоси ҷавонмарди соҳибхираду соҳибандеша аз тапидан бозмонд. Ва оқибат хок ҷасади ҷавонмардеро ба оғўш гирифт, ки ба тамоми мардуми олам ба чашми нек менигаристу аз ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кас тамае надошт. Вале номи ин олим ва омўзгори ғурамарг ва шахсияти ростқавлу поквиҷдон, ҳамеша зинда хоҳад монд, зеро ба гуфтаи Хоҷа Ҳофиз:
Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷў,
Дар синаҳои мардуми ориф мазори мост.
Номвар ҚУРБОНОВ,
номзади илми физика
Иловакунӣ
Иловакунии фикр