Нашрияи Омӯзгор

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 772        Шарҳ: 0

 

Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

барои ишғоли ҷойҳои кории холии зерин озмун эълон мекунад:

-сармутахассиси шуъбаи назария ва таърихи педагогика - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 1173 сомонӣ;

-сармутахассиси шуъбаи таҳсилот ва технологияи педагогӣ - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 1173 сомонӣ;

-сармутахассиси шуъбаи педагогикаи муқоисавӣ ва мактаби муосир - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 1173 сомонӣ;

-мутахассиси шуъбаи таҳсилот ва технологияи педагогӣ - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 961 сомонӣ;

-ходими калони илмии Осорхонаи маорифи АТТ - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 1180 сомонӣ.

Эзоҳ: маоши вазифавӣ бе нишон додани иловапулӣ (фоиз) барои унвони илмӣ оварда шудааст. Ба довталабони дараҷаи илмӣ дошта бартарият дода мешавад.

Талабот ба довталабон

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда

Довталабон барои ишғоли вазифаҳои номбурда бояд дар муддати то як моҳ пас аз нашри эълони мазкур ҳуҷҷатҳои зеринро ба комиссияи озмун пешниҳод намоянд:

-ариза ба унвони роҳбари муассиса;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо ва 2 дона акси андозаи 4x6;

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, дараҷа ва унвони илмӣ;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (доштани собиқаи беш аз 5-солаи корӣ дар соҳаи маориф ва илм);

-маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 086 УЕ;

-номгўи корҳои илмию методӣ (шакли 3.3) дар 5 соли охир;

-хислатнома дар бораи фаъолияти илмӣ ва илмию омўзгории номзад аз ҷойи кори асосӣ;

-барномаи фаъолияти илмӣ;

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

-нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (СИН); 

-нусхаи шиноснома;       

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони вазифа:

1. Талаботи тахассусӣ барои ишғоли вазифаи сармутахассиси шуъба - маълумоти олӣ бо ихтисоси фанҳои табиӣ ва риёзӣ ва ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);

-таҷрибаи кори ташкилотчигӣ: ташкили чорабиниҳои соҳавӣ бо иштироки шумораи зиёди мутахассисон;

-малакаи зарурии кор дар ташкил ва баргузории конференсияҳои илмӣ ва семинарҳои омўзишӣ;

-малакаи кор бо компютер, аз ҷумла, барномаҳои Microsofj Office (Word,Power point, Ехсе1)

Ҳуҷҷатҳо ба нишонии зерин қабул карда мешаванд: ш. Душанбе, кўчаи Айнӣ, 126. Телефон: 225-84-22; 225-84-26. Е-mail: att@maorif.tj, URL:www.aot.tj

Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост барои иштирок дар озмун то 08-уми ноябри соли 2021, соати 17:00.

 

Озмун рўзи 11 ноябри соли 2021, соати 14:00 баргузор мегардад.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш