Нашрияи Омӯзгор

Т. Асомиддинзода: Нақшаҳои таълимӣ бознигарӣ мешаванд

Сана: 2018-08-02        Дида шуд: 746        Шарҳ: 0

Дар нишасти матбуотии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит ректори он Тоҷиддин Асомиддинзода зикр намуд, ки бо супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ихтисосҳои мавҷудаи донишкадаи мазкур ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ гардонида мешаванд. Ҳар сол нақшаҳои таълимӣ бознигарӣ шуда, ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид мегардад. Яъне онҳо бо меъёрҳои замонавӣ ва байналмилалии таълим мувофиқ гардонда мешаванд. Ректор афзуд, ки дар донишкада устодони соҳибтаҷриба фаъолият мекунанд.  Бояд хотирнишон намуд, ки 30 майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Низоми Ганҷавии шаҳри Душанбе бо гузоштани санги асос ба бунёди иншооти нави  Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит оғози расмӣ бахшиданд. Бинои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон барои 1500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо харҷи 136 миллион сомонӣ дар майдони қариб 3 гектар бунёд мегардад.

 

Шодӣ Раҷабзод

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш