Хоҳаракам Шаҳзода
Саҳар хесту яхмос хўрд.
То модарам нафаҳмад,
Бо тарсу бо ҳарос хўрд.
Бар асари ин кораш
Гулуяш омад ба дард.
Ҳарораташ боло рафт,
Рангаш канду бишуд зард.
Модарам ҳаросон гашт:
-Ба ту чӣ шуд, духтарҷон?
Вале Шаҳзодаи мо
Дардашро кард пинҳон.
Гуфто бо ранҷи афзун:
- Намедонам, ки чӣ шуд.
Ин дарди ногаҳонӣ
Ба ман часпид худ ба худ.
Яқин, хоҳарам тарсид,
Нагуфт ҳақиқатро.
Хаёлаш, ки модарам
Медиҳад ўро ҷазо.
Бигуфтам: - Эй хоҳарҷон,
Ҳаргиз нагў ту дурўғ.
Умри дурўғ - кўтаҳ,
Дурўғ бошад бефурўғ.
Ба духтуру ба модар
Бигў ту асли гапро.
То росташро нагўӣ,
Ҳаргиз наёбӣ шифо...
Ҳоло хоҳарҷони ман
Аз дурўғ дорад ҳазар.
Модарҷонам мегўяд:
- Духтарҷонам хушгуҳар!
Малика ДИНДОРОВА,
хонандаи синфи 6-и гимназияи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр