Нашрияи Омӯзгор

Зиндагият пурсамар бод!

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 838        Шарҳ: 0

 

Писари муаллим

Қазияи кайҳо боз таъкиду собитшудаест, ки дар рушду камолоти ҳар фард оила беш аз омилҳои дигар таъсиргузор аст. Ин гуфтаи қазоватгуна ҳам машҳур аст, ки «солимии ҷомеа аз солимии оила ибтидо мегирад». Аз ин лиҳоз, хушбахтиро аз оғоз ба номи худ сикка хоҳад зад, тифле, ки дар оилаи маърифатпарвару хушрўзгор  ба дунё омада бошад. Самариддин дар ҳамин гуна оила панҷоҳ сол қабл аз ин чашм ба олам кушод. Модараш Муродой корманди колхоз буду зани хеле боназокат ва хушгуфтору адабпарвар. Падараш Фахриддин пешаи омўзгорӣ дошту ҳамчунин, бо ҳунарҳои зиёдаш (устои чўбкор, биносоз, сабадбоф, сангчин, боғпарвар…) хидмати мардум мекард ва обрўманд буду соҳибэҳтиром. Дар  ҳар гўшаи деҳаи Хўҷапанҷи шаҳри Панҷакент  ва деҳоти атрофи он имрўз ҳам нақши ҳунари ин марди наҷиб ба назар мерасад. Самариддин аз падари бузургвори хеш ифтихор дошт ва кўдакона дар дил орзуе мепарварид, ки дар оянда ўро низ чун падараш ҳамагон ҳурмату эҳтиром кунанд, ба ў рўи ниёз оваранд. Падар ба тарбияи фарзанд таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дошт барои таҳсили муваффақонаи ў шароити созгор фароҳам оварда буд. Иштиёқмандии ҷиддии Самариддин ба таҳсил дар мактаб, таваҷҷуҳи ҳамешагиаш ба ҳаводиси атроф ва «чуну чаро» - гўиҳои кунҷкобонааш писанду хушоянд буданд барои падар ва дар умқи дилаш бовар бар он падид меомад, ки писараш дар оянда пешавари хубе, бофаросату соҳибмаълумоте хоҳад  шуд ва дар ин хусус бо завҷааш сухан ба миён меоварду ҳар ду бо қаноатмандӣ шукргузорӣ мекарданд. Дуои нек, назари нек ва нияти неки волидайн нисбат ба фарзанд ҳамеша корагару муттако ва раҳнамост. Самариддин аз ин неъмати маънавии беназир ва дилпазир баҳраманд гашта, ҳар чи бештар ба омўзиш мегаравид ва дониш афзун мекард. Муҳити деҳа, тарзи зиндагӣ ва кори сокинони русто ба андешаву мафкураи Самариддини наврас таъсиргузор шуд ва барояш суолҳои зиёде пеш овард ва азме дар дил пайдо кард, ки дар оянда ба омўзиши моҳияту сохтори зиндагии кишоварзон, муҳтавои кори ҳамарўзаи онҳо ва маблағгузории заҳматашон машғул шавад. Ба фаросат дарёфта буд, ки мардуми зодгоҳаш ва кишоварзони деҳоти атрофи он ба ивази заҳмати бардавомашон ( аз субҳ то шом), он ҳам дар муҳити пурзиён – тамокузор, музди ночиз мегиранд, тақрибан фароғат надоранд ва  гузашта аз ин, аз ҳуқуқу имтиёзоти худ ноогоҳанд, дар байнашон мутахассисе нест, ки барои ҳифзи манфиатҳояшон дар назди масъулини колхоз, ба вижа, ҳисобдорони он талош варзад. Пас  аз хатми мактаби ҳаштсолаи деҳа Самариддин банди чунин андешаҳо қарор дод, ки дар техникуми омори шаҳри Ваҳдат идомаи таҳсил намояд. Ёд дорад, падари арҷмандаш (Фахриддин Низомов) ҳангоми гуселаш ба техникум пас аз дуои хайр гуфта буд: - Дар  мактаби деҳа хуб таҳсил кардӣ, писарам. Офаринат! Дар техникум  ҳам нағз хон, худатро эҳтиёт кун, ба суханони муаллимонат гўш деҳ, ҷўраҳои нағз ёб. Ман бо умеде номатро Самариддин ниҳодаам, ки зиндагият, корат пурсамар бошад, инро фаромўш накун…

Самариддин бо нишони «кўшиш хоҳам кард» падарро бо меҳри саршор ба оғўш кашид.

 Қадамҳои нахустин

Соли 1986 Самариддин Низомов дар техникуми омори шаҳри Ваҳдат (он ҳангом Орҷоникидзеобод) бо ихтисоси ҳисоби бухгалтерӣ дар хоҷагии қишлоқ оғози таҳсил намуд. Чун дар мактаби деҳа аълохон буд, дар техникум низ зуд дар сафи хонандагони пешқадам ҷой гирифт. Ин ҷо  имтиёқмандияш ба соҳаи иқтисодиёт ва ҳисобдорӣ боз ҳам афзунтар гашт ва тадриҷан ба як қатор саволҳояш, ки дар зодгоҳ ҳамбаста ба мушоҳидаҳояш аз ҳаёти мардум дар сар пайдо карда буд, посух дарёфт. Ба хулосае расид, ки вақеан ҳам, ҳисобдорӣ дар колхозҳо нисбат ба заҳмати бардавому баъзан  тоқатфарсои деҳқонон таҷдиди назар мехоҳад, бозгў ба меъёрҳои аслии музди меҳнат нест, адолат поймол шуда ин ҷо.

Таҳсил дар техникум (дар ин боргоҳи ҳунар он замон таълиму тарбия, воқеан ҳам, дар сатҳи баланд буд) дар баробари омўхтани асосҳои илмҳои иқтисоду омор дар ниҳоди Самариддини моҳиятҷўву кунҷкоб боз як силсила «чуну чаро»- ҳоро ба вуҷуд овард ва ин ҳолат ўро барои идомаи таҳсил дар мактаби олӣ таҳрик бахшид. Аз ин рў, ҷавони ғайратманду толибилм соли  1990 донишҷўи факултаи молия ва иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуд, бо ҷидду ҷаҳд таҳсил кард, шогирди писандидаи устодон гардид ва донишгоҳро бомуваффақият хатм намуд. Устодонаш дар симои ў, барҳақ, пажўҳишгари соҳибистеъдодро диданд ва бо пешниҳоди онҳо Самариддин нахуст дар кафедраи омори донишгоҳ ба кор пардохта, сониян дар кафедраи иқтисодиёт, сотсиологияи меҳнат ва шуғл фаъолияташро идома дод.

Ҳамбаста ба фаъолияти омўзгорӣ Самариддин Низомов ба пажўҳиши масоили иқтисодӣ машғул шуд ва соли 1997 ба шуъбаи рўзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Воронеж (Русия) дохил гардида, ин ҷо рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. Ба рисолаи номзадии олими ҷавони тоҷик, ки дар он масоили печидаи марбут ба иқтисодиёт дар марҳилаи нави рушди Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор дода шуда буданд, мутахассисони варзидаи соҳа, олимони маъруфи иқтисодшинос баҳои баланд доданд. Яке аз онҳо чунин иброз дошт: - Мо имрўз шоҳиди ба арсаи илми иқтисодиёт ворид шудани боз як истеъдоди ҷавону умедбахш гардидем. Бовар дорам, ки ин ҷавони тоҷикро ояндаи дурахшон интизор аст.

Дар паҳнои илм

Олими ҷавонро барои кор дар Донишгоҳи давлатии Воронеж даъват карданд, вале ў дар Ватан буданро авло донист ва ҳамчун номзади илми иқтисодиёт ба Тоҷикистон баргашту  ба сифати мушовири илмии Ассотсиатсияи бухгалтерон ва аудиторони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият пардохт. Соли  2001  ўро ба Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ба кор даъват карданд. Ба ин гуна, Самариддин Низомов ба муҳити бавусъати илму амал ворид гашт, фаъолияташро тақвият бахшид. Дар ин боргоҳи бонуфузи таълим олими ҷавону ғайратманд дар вазифаҳои дотсенти кафедраи молия ва баҳисобгирӣ ва иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит кор кард ва мавқеи шоиста дар байни устодони номвар дарёфт. Ҳамеша дар радифи таълиму тадриси донишҷўён ба пажўҳишу эҷод машғул мешуд ва мақолаҳояш паи ҳам дар рўзномаву маҷаллаҳо ба нашр мерасиданд. Ба масоили мубрами рўз, аз қабили махсусиятҳои бозори меҳнат, муносибатҳои иқтисодӣ дар шароити нави сиёсӣ, омўзиши омории масъалаи талабот ба қувваҳои меҳнатӣ, ҳисобдорӣ дар соҳаи сохтмон… таваҷҷуҳ намуда, дар ин замина сисилаи мақолаҳоро ба чоп расонд. Ин байт як навъ ифодагари мароми зиндагиаш гардида буд: «Қонеъ нашавӣ ба ҳар чӣ ёбӣ, Аз хуб ба хубтар шитобӣ». Чун азму ғайрат ва истеъдоду тозакориаш эътироф шуда буд, соли 2008 муяссараш шуд, ки дар иртибот ба Стипендияи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дурахшандагон» дар докторантураи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов (яке аз маъруфтарин мактабҳои  олии ҷаҳон) ба тариқи рўзона ба таҳсил фаро гирифта шавад. Баробари хатми докторантура соли 2011 дар Шўрои диссертатсионии ҳамин донишгоҳ дар мавзуи «Инкишофи методология ва ташкили баҳисобгирии идоракунӣ дар комплекси сохтмонӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» рисолаи докторӣ ҳимоя намуд.

Ин дафъа низ олимону мутахассисони шуҳратёри соҳаи иқтисодиёт ба рисолаи илмии олими тоҷик баҳои баланд доданд ва зикр карданд, ба назар гирифтану татбиқ бинмудани бозёфту нишондоду хулосаҳои он, на танҳо барои иқтисодиёти Тоҷикистон, балки барои дигар кишварҳо низ судманд хоҳад буд. Самариддин Низомов боз ҳам имкон дошт, ки дар яке аз мактабҳои олии соҳибмақоми Маскав ба кор машғул шавад, аммо ин дафъа низ кор дар Ватанро афзалтар донист. Ба  Тоҷикистон баргашту дар давоми солҳои 2011-2017 дар вазифаҳои муовини ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, профессори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва профессори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кард.

Ҳоло  соли сеюм аст, ки фаъолияташро ҳамчун мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити бонуфузтарин мактаби олии кишварамон – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома мебахшад.

Марҳилаи нав

Мегўянд, ки пас аз панҷоҳсолагӣ марҳилаи тозаи ҳаёти шахс оғоз меёбад, албатта, ҳамбаста ба таҷрибаву омўхтаву бардошту хулосаҳояш, вусъати доираи ҷаҳонбиниаш.

Ин марҳила, чун бунёде қавӣ дорад, бештар самаровар мешавад, муфидтар мегардад. То панҷоҳсолагӣ Самариддин Низомов наздик ба 150 мақолаи илмӣ навишта, дар маҷаллаҳои илмии бонуфузи ҷумҳурӣ ва хориҷӣ ба нашр расонд. Ин олим ва устоди пурмаҳсул муаллифи чор рисола (монография), панҷ дастури таълимӣ (китоби дарсӣ) буда, дар якчанд конфронси илмию амалии байналмилалӣ суханронӣ (маърўзаи илмӣ) кардааст ва узви чандин шўрои илмӣ мебошад. Таҳияи барномаҳои таълимӣ аз фанҳои аудит ва баҳисобгирии идоракунӣ (дар факултаҳои иқтисодии мактабҳои олӣ) ба қалами Самариддин Низомов дахл дорад. Чаҳор нафар пажўҳишгари ҷавон таҳти роҳбарии ў рисолаи илмӣ ҳимоя кардаанд. Барои комёбиҳои илмӣ ва  ҳиссаи шоистааш дар соҳаи рушди илми иқтисод Самариддин Низомов барандаи Ҷоизаи давлатии  Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ (дар байни олимони ҷавони кишвар) гардидааст.

Чунонки дар боло гуфтем, марҳилаи дуюми ҳаёти шахс пурбортар хоҳад буд. Ин маънои онро дорад, ки олими пурғайрату шарафманд Самариддин Низомовро комёбиҳои бештаре дар пешанд.

…Орзуву умеди падар амалӣ гашт; фарзанди Самариддин ном ниҳодаашро зиндагии пурсамаре насиб гашт ва бовар дорем, ки самараи умраш минбаъд бештар хоҳад шуд; пеш аз ҳама, ба манфиати илми иқтисоди кишвар, ба манфиати Ватану миллату халқи маҳбуби Тоҷикистон.

Абдурауф  МУРОДӢ,

«Омўзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш