Нашрияи Омӯзгор

Хидмати мондагор

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Ман яке аз инсонҳои хушбахту босаодате мебошам, ки аз машғулиятҳои илмию назариявии муаррихи донишманд, устоди маъруф, шодравон Мансур Бобохонов бархўрдор  гардидаам. Соли 1974 ба мо, донишҷўёни курси аввали факултети таърихи ДМТ (он вақт УДТ ба номи В.И.Ленин), устод Мансур Бобохонов аз таърихи халқи тоҷик машғулият гузаронд. Аз рўзҳои нахустин мафтуни дарсҳои муаррихи тавоною шинохта гардидем, зеро машғулиятҳои устод бо шавқоварию муҳтавои баланд ва дар сатҳи олӣ мегузаштанд.

Мо, донишҷўёни ташнаи илм, дарсҳои олими пурдону пурхонда М.Бобохоновро бесаброна интизор мешудем. Устод дар вақтҳои холии худ ба шогирдон таъкиду талқин мекарданд, ки бояд марҳалаҳои гуногуни таърихи гузаштаи халқи тоҷикро амиқу ҳаматарафа омўзем, аз осору сарчашмаҳои таърихӣ ва илмию назариявии муҳаққиқону муаррихон баҳравар шуда, масоилу мавзўоти мавриди омўзиш қарорнагирифтаро пажўҳишу таҳқиқ намоем. Ингуна  муаррихи хоксору фурўтан дар қалби мо оташи меҳру рағбати омўзиши соярўшанҳои давраҳои таърихро афрўхта гардонд ва мо ҷиддан аз пайи таҳқиқу баррасии мавзўоти таърихӣ шудем. Бояд гуфт, ки устод М.Бобохонов асарҳои зиёди илмӣ таълиф намудааст, ки дар масъалаи омўзиши таърихи тоҷикони ҷаҳон нақши мондагор гузоштаанд. Китобҳои дар солҳои гуногун таълифкардаашон – «Ҳикояҳо аз таърихи ҶШС Тоҷикистон» (ба  забонҳои тоҷикӣ, ўзбекӣ, русӣ барои синфҳои 4-5, солҳои 1973-1991),  «Таърихи тоҷикони ҷаҳон (с. 1991)», «Гуфтор оиди тоҷикон» (с. 2008)» ва ғайра ҳам барои хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳӣ ва ҳам муҳассилини макотиби олӣ хидмати бузург анҷом додаанд. Чунонки медонем, устод барои омўзиши ҳамаҷонибаи тоҷикони ҷаҳон, ҷамъ намудани   факту далелҳои таърихӣ, мутолиаю бардошт аз асарҳои илмии муаррихони ҷаҳон ба шаҳрҳои Москва, Санкт- Петербург, Киев, Новгород, Самарқанду Бухоро, Берлин, Париж, Бухарест, Варшава, Женева, София, Тошканду Теҳрон ва Новосибирск сафарҳои чандинкарата анҷом дода, аз бойгониҳои ин шаҳрҳо истифода намуда, асари барҷастаи илмии худ – «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» -ро таълиф намуд. (Зимнан, дар хусуси муҳтавою ғоя ва масоили баррасишудаи илмии он бисёр гуфтаанду навиштаанд, ки мо он ҳамаро такрор кардан намехоҳем). Устод Мансур Бобохонов доктори илми таърих, профессор, узви пайвастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия, узви пайвастаи Академияи байналхалқии илмии мактабҳои олӣ, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар тарбияи шогирдони зиёде саҳми арзанда гузоштааст. Бо роҳбарии ин олими сатҳи ҷаҳонӣ 14 нафар рисолаи номзадӣ ва чанди дигар рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд. Устод фаъолияти худро аз муаллими калон, сипас, дотсенту мудири кафедраи таърихи ИҶШС  шурўъ карда, зиёда аз 60 сол дар факултети таърихи ДМТ ҳамчун устоди донишгоҳ ба донишҷўён сабақи илм додааст. Вай солҳои охир роҳбарии «Маркази илмӣ – тадқиқотии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон»-и ДМТ-ро ба уҳда дошт.

Барои абадӣ гардонидани хотираи неки муаррихи маъруф, шодравон Мансур Бобохонов гимназияи шаҳри Конибодом ба номи олими зиндаёд гузошта шудааст.

Абдуназар Абдураҳмонов,

омўзгори собиқадор, шаҳри Конибодом


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш