Нашрияи Омӯзгор

Соҳибдиле аз Варзоб

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Пурзаҳматтарин ҷода ҷодаи омўзгорист

К. Ушинский

Нависандаи бузурги рус Лев Толстой гуфтааст: “Муаллиме, ки ҷонфидои касби хеш аст ва ба ҳар як шогирд чун волидайни ў муҳаббати беандоза дорад, беҳтарин муаллим мебошад”. Оре, омўзгор шахсест, ки чароғи илму маърифат дар даст дар сафи пеши ҷомеа шогирдонро аз торикиҳо ба сўи нур ва рўшноӣ раҳнамун месозад.

Солҳое, ки дар мактаби миёна таҳсил мекардам, диққати маро дар байни одамони гуногунпеша бештар омўзгорон ҷалб мекарданд.Тарзи либоспушӣ, рафтору гуфторашон аз дигарон фарқ дошт. Ҳисси масъулияти онҳо барои донишандўзии шогирдон, ирода, садоқату муҳаббати беандозаашон нисбат ба касби пурифтихорашон мо - шогирдонро  мафтун мекард. Ҳангоми дарс бо сад орзую ҳавас ба муаллим менигаристам ва ба худ тасмим мегирифтам, ки муаллим мешавам.

Як рўз муаллимамон моро таъкид карданд, ки пагоҳ бо либосҳои тозаю озода ва барвақт ба дарс биёем,  чунки нозири маорифи ноҳия барои санҷиши хониши хонандагон ба мактаби мо меомадааст.

Рўзи дигар дар саҳни мактаб мардеро ҳамроҳи директор ва муаллимон машғули суҳбат дидем. Он марде буд бо чеҳраи нуронӣ ва дилкаш, бо либосҳои шинаму озода. Омўзгорон  ба ҳарфҳои ў бо диққат гўш медоданд. Он шахс ба навбат ба дарсҳои муаллимон даромада, раванди таълиму тарбияро мушоҳида намуда, ба омўзгорон маслиҳатҳо медод.  Маълум гардид, ки ў нозири маорифи ноҳия Шамсиддин Маҳкамов будаст. Минбаъд ман ўро дар озмунҳои фаннӣ, мусобиқаҳои  варзишӣ ва ҷамъомадҳою маҳфилҳои мактабӣ медидам. Мехостам аз наздик  ҳамсуҳбаташ  шавам, вале ҷуръат намекардам. 

Аз байн солҳои зиёде гузаштанд. Дар ин байн ман дигар бо ў вонахўрда бошам ҳам,  мақолаҳояшро оид ба  рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбия дар нашрияҳои «Пионери Тоҷикистон». “Омўзгор», маҷаллаи «Маърифат» ва рўзномаи  «Ҳақиқат»-и ноҳияи Рўдакӣ мехондам.   

Бахусус, суханронии  ў дар ҷамъомади падару модарон ва омўзгорони мактаби №79-и Варзоб ҳанўз ҳам дар гўшам садо медиҳанд ва ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотирам зудуда намегарданд: “...агар боғбон барои пурбору босамар гардидани боғаш ҳар ниҳолро об мондаву парвариш накунад, ниҳолҳо хазону бесамар мегарданд, чунки ниҳол бидуни парвариш ва нигоҳубини ҳамарўза дарахти бузург ва серҳосил намегардад. Кўдак низ мисли навниҳол аст, ки агар дар оила тарбияи дуруст нагирад, оянда боиси ранҷу хиҷолати ҳам худ ва ҳам волидайн мегардад. Завқи баланди донишомўзиро дар дили кўдак бедор кардан, беҳтарин тарбия аст, ки ин ба истеъдод ва донишу таҷрибаи омўзгор вобаста мебошад. Омўзгор чароғи раҳнамои наврасону ҷавонон ба ояндаи дурахшон аст.  Баъзе аз падару модарон дар бадахлоқии фарзандонашон мактабро гунаҳкор медонанд, ҳол он ки кўдак дар оила тарбия мегирад,  дар мактаб таълим”.

Соли 1991 рўзномаи ноҳиявии “Навиди Варзоб” таъсис дода шуд ва маро ба ҳайси сардабири рўзнома ба кор гирифтанд. Баъдан ба сифати раиси дастгоҳи Ҳукумати ноҳия ва котиб дар Ҳукумати ноҳия ба кор гузаштам.  Ана, дар ҳамон солҳо ман бо ин устоди маърифатпарвар, собиқадори соҳаи маориф аз наздик шиносоӣ пайдо кардам. Барои беҳтар гардидани кори рўзнома ва корҳои ҳукуматӣ бароям  маслиҳатҳои муфид медод. Дар давоми 35 соли фаъолияташ дар соҳаи маориф дар баробари дуруст ба роҳ мондани кори таълиму тарбия дар мактабҳо, инчунин, оид ба таҷрибаи хубу ибратбахши омўзгорон аз фаъолияти пурсамари омўзгорони ботаҷрибаи ноҳия мақолаҳои зиёди методӣ-таълимӣ зери сарлавҳаи “Адабиёт ахлоқ аст”, “ Қадри устод”, “Қиссаи нон ва қадри он”,  “Касби ман-ифтихори ман”, “Дар ситоиши модар”, “Назми классикӣ дар соати тарбиявӣ”,  “Фарзанди барўманди деҳи ман” ва ғайра дар рўзномаҳо ва маҷаллаи “Маърифат” ба табъ расонидааст. Омўзгори дарёдилу саховатпеша, фидоии соҳаи маориф Шамсиддин Маҳкамов бо фазилатҳои неки инсонияш, ҳалимию хушгуфторияш ва оқилию фарзонагияш дар дилу дидаи хонандагону омўзгорон ва мардуми ноҳияи Варзоб кайҳо боз маъво  гирифтааст.

      Ў дар сохта ба истифода додани мактабҳои ноҳия саҳми босазо ва арзанда доранд. Соли 1982-1983 дар деҳаи Ҳазораи мавзеи Зиддеҳ Вазорати маорифи  ҷумҳурӣ барои 240 нафар хонанда мактаб месозад. Дар арафаи ба истифодадиҳияш ин мактаб шабе мактаб оташ гирифта, ба тамом сўхта нобуд мегардад. Мардуми деҳа ба изтироб афтода, чӣ кор карданашонро намедонанд. Акнун фарзандони онҳо дар куҷо таҳсил мекунанд?    Шамсиддин Маҳкамов аз аввалинҳо шуда, барои таъҷилан аз нав сохтани мактаб ба масъулини ноҳия ва Вазорати маориф муроҷиат менамояд  ва таклиф мекунад, ки бо ҳар роҳу воситае бошад, то оғози соли таҳсил бояд мактаб фавран сохта ба истифода дода шавад.  Барои аз нав сохтани мактаб на Вазорати маориф маблағ дошту на Ҳукумати ноҳия, чунки маблағи ҷудошуда сарф шуда буд. Марди маорифпарвар Шамсиддин Маҳкамов  чун дид, ки соли хониши нав бачаҳои деҳа аз мактаб дур мемонанд, бо талош ва такопўҳои шабонарўзӣ худро ба сад дару идораҳои марбута зад,  хоҳиш, талаб, илтиҷо кард. Дар натиҷа дар муддати хеле кўтоҳ бинои нави мактабро сохта ба истифода доданд, ки  он рўзи 1 - уми сентябри ҳамон сол дари худро ба рўи хонандагон кушод. Устод зиёда аз 100 тавсияи методӣ ва тарбиявӣ оид ба рушди таълиму тарбия дар мактаб навиштааст. “Усули дарс ва таҳлили он”, “Мактаб ва масъалаи интихоби бошууронаи касб”, “Тарбияи ватандўстии хонандагон дар равиши дарс”, “Омўзиши дарси забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ”, “Ёрӣ ба омўзгорони ҷавон”, “Диққати ҷиддӣ ба сохтмони мактабҳои деҳот” аз ҷумлаи дастурҳои методии Шамсиддин Маҳкамов мебошанд. Ў дар китобхонаи шахсиаш зиёда аз се ҳазор нусха китоб дорад, ки шогирдон ва дўстдорони китоб аз он фаровон истифода мекунанд.

Устод Маҳкамов барои пешрафти ноҳияи Варзоб ба роҳбарияти ноҳия маслиҳатҳои муфид медиҳад. Мақолааш  “Варзоб - кўҳистони бахт” далели равшанест дар тақвияти гуфтаҳои боло. Соли 2000 китоберо бо номи “Нури маърифати Варзоб” таълиф намуда, дастраси хонандагон гардонид, ки он китоб аз фаъолияти пурсамари омўзгорони ноҳия ва соҳаи маорифи ноҳия нақл мекунад. Шамсиддин Маҳкамов, зуд-зуд меҳмони омўзгорону хонандагони мактабҳои ноҳия гардида, ба омўзгорони ҷавон аз таҷрибаи андўхтаи худ баҳри хубу беҳтар ба роҳ мондани таълим маслиҳатҳо медиҳад. Ғайрату дониш ва меҳнатдўстии ўро ба назар гирифта, роҳбарияти Ҳукумати ноҳия дар арафаи ҷашни Ғалаба ба Германияи фашистӣ Шамсиддин Маҳкамовро раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Варзоб таъйин намуданд.

Хизматҳои шоистааш  аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Барои меҳнати шоён”, Ифтихорномаи Президуми Шўрои Олии Тоҷикистон,  нишони  «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», ордени “Нишони фахрӣ” ва “Корманди шоистаи Тоҷикистон” қадр карда шудааст.

Шамсиддин Маҳкамов фараҳманд аз он аст, ки бо ибтикори Сарвари маорифпарвари кишвар бо мақсади ҷалби  ҳар чи бештари наврасону ҷавонон ба китобдўстию китобхонӣ  озмунҳои «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»  таъсис дод шудаанд.

Марди накуному маърифатпарвар Шамсиддин Маҳкамов ба муносибати 60 - солагии Ғалаба бар Германияи фашистӣ китоберо бо номи “Сарбозони далери Варзоб” рўи чоп овард, ки аз шуҷоату далерӣ ва ҷонфидоиҳои 2000 нафар фарзанди диловари Варзоб дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қисса мекунад.

Устоди  фарзона имрўзҳо барои таълифи китоби нави худ бо номи “Ситораҳои Варзоб”, ки аз ҳаёт ва фаъолияти одамони накукору накуноми ноҳияи Варзоб таҳия мегардад,  камари ҳиммат бастааст.

Муродалӣ Собир,

адиб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш