Нашрияи Омӯзгор

Қадрдонии омўзгорон дар Хатлон

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Ба муносибати Рўзи омўзгор раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо кормандони фаъоли соҳаи маориф мулоқот кард. Номбурда оид ба таваҷҷуҳ ва дастгирии кормандони соҳаи маориф аз тарафи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф, саҳми омўзгорон дар пешрафти кишвар, таълиму тарбияи насли наврас, муҳайё гардидани шароиту имконоти беҳтарини корӣ ва эълони озмунҳои гуногун барои омўзгорон, олимон ва хонандагон изҳори назар кард.

Сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Ашўралӣ Олимӣ дар бораи вазъи соҳаи маориф ва раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии вилоят маълумот дод.

Дар ҳамоиш ба раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои таваҷҷуҳ ва дастгирии соҳаи маориф, мусоидат дар беҳшавии шароиту имкониятҳои кории соҳа, ҳавасмандгардонии фаъолони соҳаи маориф нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” тақдим гардид. Ҳамчунин, дар қисмати дигари мулоқот чанде аз мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ, омўзгорони фаъол бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ифтихорномаи раёсати маорифи вилоят қадрдонӣ карда шуданд.

С. АЗИЗӢ,

“Омўзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш