Саидмаҳмуд Саидҳомидов мудири кафедраи санъатшиносӣ ва назарияи мусиқии Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсузода мебошад ва ҳамчун омўзгори санъатшиносу асил дар тарбияву ба камол расондани ҳунарпешаҳои воқеӣ саҳми бориз мегузорад. Мавсуф ҳамчун раиси гурўҳи ҳамоҳангсози китобҳои дарсии “Суруд ва мусиқӣ”-и Шўрои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 китобу барномаи таълимӣ таълиф намудааст. С. Саидҳомидов моҳи октябри соли равон ба синни 60 расид ва ба ин муносибат аҳли қалами ҳафтаномаи “Омўзгор” устодро табрик намуда, барояш тани сиҳату хотир ҷамъ ва дар фаъолияти эҷодияш комёбиҳои рўзафзун таманно менамоянд.
Дар зер як мақолаи Саидмаҳмуд Саидҳомидов пешкаши хонандагон мешавад.
Забони давлатӣ муаррифи ҳар як давлату миллат аст. Давлату миллат бе забони давлатӣ арзи ҳастӣ карда наметавонад. Дар баробари таҳаввулоти азиме, ки дар давраи таърихи ҳазорсола арзи вуҷуд дошт, намояндагони миллати тамаддунофари тоҷик забони модарии худро поку бе олоиш нигоҳ дошта, то ба замони мо расониданд.
Шеъру қасида, ғазал ва достону ҳикояҳои шоирони ширинкаломи тоҷик, аз устод Рўдакӣ то имрўз боиси сарфарозӣ ва ифтихори ҳар яки мост.
Дар баробари ин, забони фасеҳу шевои тоҷикӣ баёнгари чунин ғояҳои инсондўстӣ, амсоли дўстию рафоқат, ҷавонмардию шафқат ва дастгирию кумак ба эҳтиёҷмандону барҷомондагон аст. Асарҳои назмию насрии шоирону нависандагон ҳанўз ҳам аҳамияти таърихию тарбиявии худро гум накарда, осори бебаҳои забони тоҷикӣ дар тарбияи инсони комил нақши муҳим мегузорад.
Сардафтари адабиёти тоҷик Абуабдуллоҳи Рўдакӣ дар мавзўи дўстию рафоқати инсонӣ чунин мефармояд:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон
Бартар аз дидори рўи дўстон.
Ҳеҷ талхӣ нест дар дил талхтар
Аз фироқи дўстони пурҳунар.
Дастгирии эҳтиёҷмандону бечорагон дар эҷодиёти шоир хеле хуб тасвир шуда, ин марворидҳои ба риштаи назм кашидаи ў то ҳанўз аҳамияти тарбиявии худро гум накардаанд:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кўру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар тарбияи ватанпарастии наслҳои имрўза нақши мондагор дорад. Ҳамин нақши муҳимми ин шоҳасар аст, ки имрўзҳо дар саросари кишвар базмҳои «Шоҳномахонӣ» баргузор мешаванд. Шоир дар боби иттиҳоду якдилӣ ва ба ҳам омадани мардони ҳунар чунин мефармояд:
Пароканда лашкар наояд ба кор,
Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.
Осори баландмазмуни намояндагони адабиёти форсу тоҷик то ҳанўз нақши калидии худро дар ҷодаи тарбияи наслҳо гум накардаанд. Шоҳбайти зерини безаволи Саъдии Шерозӣ аз мазмуни баланди тарбиявии он шаҳодат медиҳад:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рўзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Зиёиёни имрўзини кишвар низ дар таҳкиму густариши забони тоҷикӣ нақши босазои худро мегузоранд.
Замоне ки ҳастии ин забон аз байн мерафт, шоир, мутафаккир ва олими забардасти тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ба майдони набард баромада, ҳастии ин миллат ва забони тоҷикро бо арқоми раднопазир собит намуд. Айнӣ исбот намуд, ки дар ҳудуди Осиёи Марказӣ халқе бо номи «тоҷик» ҳазорсолаҳо боз умр ба сар мебарад ва дорои фарҳангу адабиёт ва таърихи хеле қадим аст ва ин халқ марзу буми авлодии худро дорад. Ҳамин заҳматҳои пайвастаи устод буд, ки халқи тоҷик дар давраи хеле ҳассоси таърихӣ соҳибватан гардида, забони худро низ маҳфуз дошт.
Фарзанди барўманди миллат, академик Бобоҷон Ғафуров низ дар шинохти таърихии халқи тоҷик ҳиссаи хеле боарзиш дорад. Ў, ки солҳои тўлонӣ ба ҳайси директори Институти шарқшиносии ИҶШС дар шаҳри Москва кору фаъолият менамуд, китоби арзишмандеро бо номи «Тоҷикон» оид ба таъриху тамаддуни халқи тоҷик аз бостон то нимаи аввали асри ХХ таҳия ва ба чоп омода намуд, ки (солҳои 60-70-ум) дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ яке аз серхонандатарин китоб ба шумор мерафт.
Ҳамзамон, дар охири садаи ХХ, дар замоне ки аз саҳифаҳои таърих эҳтимолияти зудуда шудани давлат ва халқи тоҷик ва дар баробари ин забони ноби тоҷикӣ ба вуҷуд омада буд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи парокандагӣ ва нобудшавии давлату миллати тоҷикро гирифта, забони ширини модарии моро ба минбарҳои баландтарини олам бароварданд.
Донистани забон, арҷ гузоштан ба, муқаддасоти миллии ҳар давлату эҳтиром қоим шудан ба забони давлатӣ вазифаи ҳар инсон аст. Аз ин рў, ҳама бояд саъй кунем, ки забони модарии хешро хуб аз бар намоем, онро тоза нигоҳ дорем ва дар баробари ин, забонҳои дигар халқу миллатҳоро омўхта, дар рушду инкишофи забони давлатӣ ва таҳкими пояҳои давлату давлатдории кишвар ҳиссаи арзандаи худро гузорем.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр