Нашрияи Омӯзгор

Ба табиат дилсўз бояд буд

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

 

Мафҳуми «экология» дар замони муосир моҳияти умумибашарӣ касб намуда, на танҳо ҳифзи табиат, балки масъалаи нигоҳдошту таҳкими ҳаёти одамони сайёраро ифода мекунад. Аз ҳамин сабаб, дар илм мафҳуми «фарҳанги экологӣ» ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Фарҳанг ё маърифати экологӣ ба донишу ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои инсонӣ алоқаманд буда, муносибати ҷиддию огоҳмандона ва солими шахсро нисбат ба муҳити зист ва олами атроф дар бар мегирад. Инсонҳои кўшову ботадбир ва донишманду пешрафта ба таври ҳамешагӣ ба он ҷаҳду талош менамоянд, ки муҳити атроф ва зисти одамон тозаю пок бошад, барои ҳифзи табиат, аз ҷумла, зулолу соф будани оби рўдхонаву чашмасорон, сабзу хуррам нигоҳ доштани дарахтону ниҳолони мевадиҳандаю сояафкан, пешгирии хориҷшавии газҳои зараровару заҳрнок ба атмосфера ва амсоли инҳо чораандешӣ менамоянд.

Мутаассифона, дар ҷомеа одамоне вомехўранд, ки ба табиат муносибати бераҳмона мекунанд. Аз ҷумла, дарахтони сарсабзу сояафканро, ки бо ҳусну шукўҳи худ ба зебоии диёр ҳусн зам мекунанд, бурида, ин дарахтонро ҳамчун сўзишворӣ истифода менамоянд. Агар амиқтар назар кунем, ба осонӣ пай мебарем, ки ин гуна тоифаи ба табиату манзараҳои он бетафовуту бепарво дар умри худ ниҳолеро сабз накардаанд, чӣ расад бар бунёди боғеву чаманистоне. Ҳамин гуна нафарон дар байни бачагон низ ба мушоҳида мерасанд, ки аз беназоратии падару модарон ва атрофиён ниҳолакони сарсабз ва гулҳои рангорангро шикаста, ҳусни табиатро доғдор месозанд. Чунонки маълум аст, ҳайвоноти нодир ба «Китоби сурх» дохил карда шуда, зери назорати ҳукумату давлат қарор доранд. Вале боиси нигаронист, ки дар байни мардум одамоне ёфт мешаванд, ки даст ба шикори ҳайвоноту парандагони нодир мезананд. Ин рафтори онҳо аз он мегўяд, ки онҳо ба мавҷудоти табиат на меҳр доранду на шафқат. Ҳол он ки аз рўйи инсофу виҷдон бияндешем, ҳар як инсон бояд андеша кунад, ки ҳар  як намуди ҳайвоноте, ки ба «Китоби сурх» дохил карда мешавад, ба ҳифз намудан аз ҷониби одам ниёз дорад.

Дигар масъалае, ки имрўз аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст, боэътиноӣ ба тозагӣ дар ину он гўшаи диёр, хусусан, дарёву кўлҳо мебошад. Ашхоси зиёде дар фаслҳои гуногуни сол, аз ҷумла, тобистон ба сайру тамошо ва фароғату дамгирӣ ба канори дарёву ҷангалҳо мераванд. Ҷойи афсўс аст, ки онҳо пасмондаи хўроки худро ба дарё мепартоянд, гирду атрофро ифлос мекунанд. Ба як сухан, соҳили дарёву рўдхонаҳоро ба партовгоҳ табдил медиҳанд. Аз ин рў, бояд тариқи расонаҳо, садову симо пайваста барномаю гузоришҳое таҳия ва пешниҳоди одамон гардонда шавад, ки дар ин барномаҳо маърифати экологии сокинони кишвар ва эҳсоси зебоипарастию дўст доштани табиати диёр дар меҳвар қарор дода шавад. Дар таълимгоҳҳо, дар машғулиятҳои тарбиявӣ мавзуи табиат ва ҳифзи муҳити зист бояд ба таври мунтазам ба хонандагон омўзонида шавад. Зеро фарҳанги экологӣ қисми таркибии фарҳанги умумибашарӣ ва миллист.

Дилором МАҲКАМОВА,

омўзгори мактаби №14,

шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш