Нашрияи Омӯзгор

Баҳри Арал чаро хушк мешавад?

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 812        Шарҳ: 0

 

 

Чунин ақидае вуҷуд дорад, ки дар аксар ҳолатҳо ҳодисаҳои фалокатбори табиӣ дар ҳамон ҷое рўй медиҳанд, ки дар он ҷо фоҷиаи бузурги инсонӣ ба амал омадаанд. Агар мо таърихи Осиёи Марказиро ба ёд биёрем, қариб ҳамеша баъд аз давраи авҷи зулму истибдоду мусибати аҳолӣ офатҳои калони табиӣ рўй медоданд.

Дар адабиёти хаттию шифоҳии мардуми Мовароуннаҳру Хуросон дар давраи баъд аз истилои муғул ривоятҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳодисаҳои табиии ин сарзамин: иваз шудани маҷрои дарёҳои бузурги минтақа, хушк шудани баҳрҳо ва дигар ҳаводисро аз дарду ранҷу ҷабру ҷафои бемисле, ки мусулмонони Осиёи Марказӣ аз сар гузарониданд, марбут медонанд. Халқҳои ин минтақа то имрўз бо дарду алам фоҷиаи 800 сол пеш руйдодаи истилои муғулро ба ёд меоранд.

Барои беҳтар фаҳмидани ҳадду ҳудуди ин фоҷиаи даҳшатангез, биёед муқоиса кунем: дар қисми бештари Аврупои он замон он қадар аҳолие набуд, ки дар давоми се соли ҳуҷуми таҷовузкоронаи Чингизхон бар зидди тоҷикон нобуд шуда буданд. Акнун ба арзёбиҳои шоҳидони он давра ва пеш аз ҳама, ба муаллифи «Таърихи Ҷаҳонгушой» Атомалик Ҷувайнӣ муроҷиат мекунем: «Чингизхон ба нафси хеш бад-он билод расид, …ва ҳар шаҳреву ҳар деҳеро чанд навбат кўшиш ва ғорат кард ва солҳо он ташвиш бардошт ва ҳанўз то Растахез агар таволид ва таносул бошад, шумори мардум ба ушри (даҳяки) он чи будааст, нахоҳад расид».

Манзур аз ин навиштаи Ҷувайнӣ дар он аст, ки Чингизхон ҳамчун хоқони муғул ва фармондеҳи лашкари он қавм соли 1219 мелодӣ бар зидди мусулмонон бархоста ва баҳори соли 1220 ба забту қатли мардуми Мовароуннаҳру Хуросон, ки кулли ин минтақаро Рашидуддин дар асри XIII «Билоди Тоҷик» меномид, шурўъ карда, то соли 1223 қатли оми аҳолии ин сарзамини бостониро идома дод. Дар ин муддат лашкари муғул 90 дарсади аҳолии шаҳру деҳоти Мовароуннаҳру Хуросонро, ки асосан тоҷикон буданд аз дами теғ гузаронид.

Пас аз қатли оми тоҷикон, муғулҳо шаҳрҳои забтшударо оташ мезаданд ё зери об мегузоштанд. Ҳамин тавр, бо фармони худи Чингизхон Бухоро, Банокат, Утрор, Нахшаб, Самарқанд, Тирмиз, Марв, Ҳирот, Нишопур, Балх, Қундуз, Толиқон, Бомиён ва дигар шаҳрҳо сўхта шуданд. Тавре таърихнигори тоҷик Хондамир дар «Таърихи ҳабиб ус-Сияр» менависад, «ба далели он ки аксари хонаҳо ...аз чўб сохта шуда буданд, аллакай дар рўзи аввали сўхтор ҳама ба коми оташ гирифта шуданд». Тибқи маълумоти Хондамир, муғулҳо дар давоми даҳ рўз Тирмизро хароб карданд ва ҳама чизро ба Ҷайҳун (Амударё) партофтанд. Ё фоҷиаи Урганч, пойтахти Хоразмшоҳон, ки пас аз забт намудани он муғулон маҷрои дарёро дигар карда, шаҳрро дар оби Амударё ғарқ карда буданд.

Ҳуҷуми Чингизхон ба Мовароуннаҳру Хуросон, ки дар натиҷаи он бузургтарин дар таърих фоҷиаи инсонӣ дар маркази Осиё ба амал омада буд, ранҷу азоб ва куштори ваҳшиёнаи миллионҳо одамони бегуноҳ ва пеш аз ҳама, куштори бераҳмонаи халқи аз ҳама сершумору пешрафтаи Осиёи Марказӣ – тоҷикон дар байни мардум ривоятҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Дар адабиёти пас аз муғулии мусулмонони Мовароуннаҳр ва Хуросон ривоятҳои зиёде мавҷуданд, ки чи тавр дарду ранҷи тасаввурнопазири мусалмонон дар табиати ин минтақа инъикос ёфтаанд.

Аммо воқеият ин тавр буд: Академик Бартолд В.В. дар асарҳои худ оид ба маъхазшиносӣ дар бахши «Ҳофизи Абрў ва осори ў» матнеро аз китоби таърихнигор ва ҷуғрофидони машҳури Хуросон дар асри XIV Ҳофизи Абрў овардааст. Дар он қайд карда мешавад, ки аллакай соли 820-и ҳиҷрӣ баҳри Хоразм (Арал) пурра хушк шуда, дарёҳои калонтарини Осиёи Миёна —  Хуҷанд (Сирдарё) ва Ҷайҳун (Амударё) — маҷрои худро иваз карда ва ба баҳри Хазар (Каспий) ҷорӣ мешуданд.

 Ҳофизи Абрў менависад: «Дар китобҳои қадимӣ навишта шудааст, ки аз Хоразм дарё ба баҳри Хоразм ҷорӣ мешавад; аммо ҳоло он аз байн рафтааст; об барои худ як маҷрои нав сохтааст, то ба баҳри Хазар дар ҷое бо номи Карлади ҷорӣ шавад ... акнун аз Хоразм то баҳр 6-рўза роҳ аст: дарозии дарё 500 фарсах мебошад. Дар фасли зимистон дарёро қабати ғафси ях мепўшонад ва то чанд муддат корвонҳо аз болои он мегузаранд» (Бартолд В. В. Сочинения.Т. 8.С. 75—80). Муаррихи шинохтаи асри XIV Ҳамдуллоҳи Қазвинӣ низ дар китоби «Нузҳат - ул-Қулуб” қайд кардааст, ки “Баҳри Хазар қариб 200 ҷазира дорад, вале ҷазираи аз ҳама бузурги он Обескун имрўз зери об рафтааст, чунки дарёи Ҷайҳун, ки пештар обаш ба баҳри Шарқӣ (баҳри Арал), воқеъ дар рў ба рўи мамлакати Яъҷуҷу Маъҷуҷ ҷорӣ буд, дар замони истилои муғул маҷрои худро иваз карда равони баҳри Хазар шуд. Азбаски ин баҳр бо баҳрҳои дигар пайваст нест, ҳамаи ҷазираҳо зери об монданд.”

Дар асари дигари Ҳамдуллоҳи Қазвинӣ (Муставфӣ) “Таърихи гузида”, ки хеле пештар аз китоби ҷуғрофии ў “Нузҳат - ул-Қулуб” навишта шудааст, муаллиф дар бораи фирори Муҳаммад Хоразмшоҳ ба ҳамон ҷазираи Обескун навиштааст, ки он замон пур аз аҳолӣ буд. Хоразмшоҳ дар он ҷазира аз дунё мегузарад ва чанд сол пас писараш Ҷалолиддин аз Ҳиндустон баргашта, ҷасади падарашро аз Обескун ба яке аз қалъаҳои Эрон - Ардуғон мебарад. Аз ин гуфтаҳо чунин бармеояд, ки замони марги Хоразмшоҳ, - соли 1220 мелодӣ то замони бозгашти писари ў соли 1224 ҷазираи Обескун ҳанўз рўи об буда ва дорои аҳолӣ будааст. Вале ба ақидаи мо маҳз ҳамин ҳодиса, яъне, баланд шудани сатҳи оби баҳр ва зери об рафтани ҷазираҳои он Ҷалолиддинро водор мекунанд, ки ҷасади падарашро ба ҷои дигар бибарад.

Тағйирёбии маҷрои Амударё пас аз забти шаҳри Урганҷ ва зери об гузоштани шаҳр аз ҷониби муғулҳо, соли 1220 ба амал омад. Ҳофизи Абрў калонтарин дарёҳои Осиёи Миёнаро ба таври дигар номгузорӣ кардааст: вай Амударёро дарёи Балх меномад ва мефаҳмонад, ки ин дарёро арабҳо Ҷайҳун меноманд, вале мардуми Хуросон - дарёи Омуя мегўянд, ба номи деҳаи Омуя, ки дар сари роҳи Хуросон ба Бухоро, дар мавзеи гузаргоҳ аз дарёи Ому воқеъ буд.”

Ҳофизи Абрў Сирдарёро танҳо ҳамчун дарёи Хуҷанд ном мегирад: «Дарёи Хуҷанд ба Фароб расида аз он ҷо (минбаъд) дар дашти Хоразм ба Ҷайҳун ҳамроҳ шуда, ба баҳри Хазар мерезад.”

Ҳамин тариқ, ду нафар аз олимони маъруф — ҷуғрофидонони асри XIV шоҳидони ин ҳодиса—хушкшавии баҳри Арал ва тағйирёбии маҷрои дарёҳои Ҷайҳун (Амударё) ва Хуҷанд (Сирдарё) ва ҷорӣ шудани онҳоро ба баҳри Хазар (Каспий)  тасдиқ мекунанд. Таърихшиносон ва бостоншиносони муосир низ мавҷудияти осори зисти одамонро дар минтақаҳои хушкшудаи баҳри Арал тасдиқ мекунанд. Аз ҷумла, академик В.В Бартолд чунин навиштааст: “Несту нобуд кардани Хоразм аз ҷониби муғулон дар соли 1221 ва вайрон кардани сарбанди об маҷрои Амударёро комилан тағйир доданд. Мегўянд, ки чанд шаҳру деҳоти соҳили чапи дарё зери об мондаанд, тақдири пойтахти ин сарзамин Урганҷ низ ҳамин гуна шудааст.”

Маълумоте, ки дар осори Ҳофизи Абрў оварда шудааст, инчунин, бо ҳафриётҳои бостоншиносони муосир дар маҳали хушкшудаи Арал тасдиқ карда мешавад. Дар он ҷо, бино ба иттилои «Российская газета» аз 19 январи соли 2014, боқимондаҳои шаҳраке, ки дар асри XVI мавҷуд буд, пайдо шуданд. (Как высыхает Аральское море // Российская газета [Электронная версия] // Режим доступа:https://rg.ru/2014/01/19/aralskoye-more-site.html).

Баъзе олимони Ғарб чунин мешуморанд, ки офатҳои табиии дар ин ҷо рўйдода натиҷаи фалокати башарӣ мебошанд, ки ҷони миллионҳо одамони бегуноҳро гирифтанд ва марказҳои асосии фарҳанги сайёраро хароб карданд. Олими шинохтаи англис Р.И. Мэрчисон бар ин ақида аст, ки “Баҳри Арал чунин баҳре мебошад, ки бо баланд шудани сатҳи тамаддун дар ин минтақа маъруф мегардаду бо поин рафтани фарҳанг нест мешавад”.

Шояд Баҳри Арал падидаи беназирест, ки ба дарду азоби мардум ҳассос аст, зеро дар ҳазорсолаи охир ин баҳр ду бор хушк шуд: бори аввал дар асри XIII пас аз ҳуҷуми Чингизхон ва бори дувум пас аз фурўпошии Иттиҳоди Шўравӣ, вақте ки дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон даҳҳо ҳазор одамони бегуноҳ ҳалок шуданд.

 

Давлаталӣ Давлатзода,

 номзади илми таърих


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш