Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо иштироки ректор ва устодону як қатор шогирдони фаъол нишасти матбуотӣ барпо гардид. Пеш аз шурӯи нишаст ҷамъомадагон дар намоиши корҳои эҷодии донишҷӯён таҳти унвони «Олами рангҳо ва ҳунарҳои мардумӣ» ширкат варзида, бо офаридаҳои кандакорӣ, наққошӣ ва заргарии шогирдон аз наздик шинос гардиданд.
Чунонки ректори донишкада Ҷамшед Ғанизода дар нишасти матбуотӣ гуфт, имсол 135 нафар (131 нафар рӯзона ва чор нафар дар шуъбаи фосилавӣ) аз рӯйи 16 ихтисос донишкадаро хатм карданд. Аттестатсияи хатм бомуваффақият гузашт ва ҳафт нафар донишҷӯ сазовори дипломи «аъло» шуданд. Гуфта шуд, ки аз шумораи хатмкардагон ҳашт нафарашон дар асоси дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохторҳои худи вазорат бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.
Бино ба иттилои ректор, дар давоми нимсолаи аввали соли таҳсили 2018 55 нафар донишҷӯ бо сабабҳои гуногун – даъват ба сафи артиш аз шуъбаи фосилавӣ, аз худ накардани дарсҳо, дарсшиканиҳои зиёд, вайрон кардани қоидаҳои дохилидонишкадавӣ ва бо сабабҳои интиқол ёфтан ба дигар муассисаҳои таълимӣ хориҷ карда шуданд.
Ҳамчунин, рӯзноманигорон ба масъалаҳои корҳои илмӣ, эҷодӣ, методӣ, тарбиявӣ, робитаҳои хориҷӣ хоҷагидорӣ ва молиявӣ ва вазифагузориҳо дар соли таҳсили 2018 – 2019 таваҷҷуҳ карда, ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Ҳотами Ҳомид,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр