Нашрияи Омӯзгор

Дастовардҳои истиқлолро омўзонем

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 817        Шарҳ: 0

 

 

Миллати сарбаланди тоҷик тавонист дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои зиёде, аз қабили  пойдор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ, бунёд ва азнавсозии роҳҳои оҳан ва автомобилгард, сохтмони бузургтарин иншооти аср, НБО-и “Роғун” ва ғайраҳо ноил гардад. Бинобар ин, ҳар як омўзгорро зарур аст, ки бо мақсади мустаҳкам намудани таҳкурсии дониши сиёсии хонандагон, омўзонидани таърихи давлатдории миллӣ ва дар дили онҳо ҷой намудани ҳисси ватандўстӣ, ҳангоми дарсҳои тарбиявӣ оид ба ин дастовардҳо ба шогирдон маълумоти муфассал диҳад. Дар ин замина, барои ҳар як омўзгор доштани маълумоти пурра доир ба мавзуи мавриди назар шарт ва зарур аст. Нозукии фаъолияти омўзгорони синфҳои ибтидоӣ дар он аст, ки бояд ҳар як маводи таълимиро сода карда, ба хонандагон омўзонанд. Зеро бачаҳои хурдсол имкони ба пуррагӣ дарк кардану аз худ намудани мавзуъҳои мушкил ва душворфаҳмро надоранд. Аз ин сабаб, омўзгор метавонад барои таҳияи нақшаи дарси яксоатаи тарбиявӣ дар мавзуи “Истиқлол ва дастовардҳои миллӣ” дар синфҳои ибтидоӣ маълумотро ба ин тарз ба хонандагон пешкаш намояд:

- ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии худро ба аҳли башар эълон кард.

- Дар замони Истиқлоли давлатӣ ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули рамзҳои давлатӣ-Парчаму Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба марҳилаи муосири давлатдории миллӣ ворид гардид. Парчаму Суруди миллӣ 24 ноябри соли 1992 ва Нишони давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон 11-уми декабри соли 1999 қабул гардид.

- Дар баробари Парчаму Нишон ва Суруди миллӣ, пули миллӣ низ аз муқаддасот ва нишонаҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, эҳтиром гузоштан ба он эҳтироми миллату давлат ва вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Ба ифтихори 1100-солагии давлатдории Сомониён (849-907) аз 30 октябри соли 2000 воҳиди нави пули миллии кишвар – сомонӣ ба муомилот бароварда шуд.

- 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гардид.

- Сохтмони НБО-и “Роғун” соли 2010 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сар шуда, 16-уми ноябри соли 2018 дар вазъияти тантанавӣ чархаи якум ва 9-уми сентябри соли 2019 чархаи дуюми он ба кор дароварда шуд.

Мақсади асосии ба хонандагон пешниҳод намудани ин маълумот аз он иборат аст, ки хонандагон дар бораи рўзҳо ва ҳодисаҳои бузурги  таърихӣ маълумоти умумиро пайдо мекунанд. Дар қисмати мустаҳкамкунии дарс омўзгор метавонад аз ин саволҳо истифода кунад:

- ҷумҳурии Тоҷикистон кай соҳибистиқлол гардид?

- Баъд аз соҳибистиқлолӣ ҷумҳурии Тоҷикистон кадом рамзҳои давлатиро қабул кард?

- Парчам ва Суруди миллӣ кай қабул шуд?

- Нишони давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон кай қабул карда гардид?

- Асъори миллии тоҷикӣ-сомонӣ  кай ба муомилот баромадааст?

- Ваҳдати миллӣ кай ва дар куҷо ба имзо расидааст?

- Сохтмони НБО-Роғун кай оғоз шуд?

- Аввалин чархаи  НБО-и “Роғун” кай ба истифода дода шудааст?

Дар ин раванд омўзгорон метавонанд, ки бо истифода аз тахтаи электронӣ ва таҷҳизоти замонавӣ, наворҳои видеоӣ, расму тасвирҳо дарсро мувофиқи мақсад гузаронанд.

Т. Ҳасанова,

омўзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №10-и шаҳри Душанбе

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш