Нашрияи Омӯзгор

Мазаммати мағрурию худбинӣ

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

Дар давоми таҳсили хонандагон дар мактаб ба тарбияи онҳо диққати ҳамешагӣ зоҳир бояд кард. Тарбия  ҷузъи муҳими омўзиши шогирдон буда, муваффақияти онҳоро дар тамоми самтҳои омўзишу фаъолият таъмин мекунад. Борҳо таъкид шуда, ки хонандаи  беодобу бадрафтор, танбалу мағрур ҳеҷ гоҳ дар таҳсил комёб намешавад.

Педагогҳои маъруф батакрор таъкид кардаанд, ки ҳаргиз набояд таълимро аз тарбия ва ё тарбияро аз таълим ҷудо кард, онҳо ҳамбастагии ногустанӣ доранд ва якдигарро комил месозанд. Ҳар қадар бештар омўзӣ, ҳамон қадар хоксору накукирдор мешавӣ.  Дар илми педагогикаи тоҷик асарҳои зиёди илмӣ, илмию оммавӣ, дастурӣ дар бораи  робитаи таълиму тарбия мавҷуд мебошанд, ки омўзишу татбиқи нишондодҳои онҳо бар манфиати фаъолияти омўзгор аст. Барои он ки тарбияи  шогирдон бештар муассиру фарогир бошад, илова ба дарсҳои муқаррарии ҳамарўза (ҳар як дарс ҷанбаи тарбиявӣ дорад) ҳафтае як маротиба дар тамоми синфҳо дарси тарбиявӣ баргузор карда мешавад. Ин гуна дарсҳо маъмулан ба умдатарин масоили тарбия бахшида мешаванд, ситоиши ахлоқи ҳамида ва танқиди хислатҳои бадро фаро мегиранд. Дар дарсҳои тарбиявӣ тарғиби муҳаббат ба Ватан, ба муқаддасоти миллӣ, некию накукорӣ аз мавзуъҳои муҳимтаринанд. Дар баробари ин, накуҳиши хиёнат, тарсуӣ, дурўғгўӣ, фиребгарӣ барин мавзуъҳо дар дарсҳои тарбиявӣ дорои аҳамияти махсусанд.

Метавон як дарси тарбиявиро ба мавзуи «Мазаммати худписандӣ ва худбинӣ» бахшид. Ин одатҳои номақбул ва пурзиён, мутаассифона дар байни шогирдон зиёд ба мушоҳида мерасанд, ки албатта, сабабҳои худро доранду бештар ба муҳити атрофи хонанда, вазъи оилавии ў ва фаҳмиши нодурусташ иртибот доранд. Ба шогирдон бояд фаҳмонд, ки худписандию худбинӣ, мағрурӣ хислатҳои бад ҳастанд, оқибати хуб надоранд, дар ниҳоят боиси шармандагию ҳиҷолатзадагии кас мешаванд. Шахси худбину мағрур оқибат танҳо мемонад, рафиқонаш аз ў  рў мегардонанд. Бояд ҳамеша дар назар дошт, ки «Бани одам аъзои якдигаранд» ва ҳеҷ гоҳ набояд худро аз дигарон болотар донист, бояд бо ҳама бародару баробар, дўсту  ҳамнишин буд, хоксориро пеша кард.

Бузургони мо хоксориро зинати инсон, обрўбахши  ў донистаанд ва худписандонро сахт маҳкум карда, таъкид бинмудаанд:

Машав ғарра ба зўри бозуи хеш,

Ки бошад зўр бозуҳо аз ин беш.

***

Машав худбин, ки он бошад ҳалокат

Ва з-он тира бимонад ҷони покат.

Бояд мо гўш ба андарзи ниёгонамон, ки гарму сарду неку бади зиндагиро хуб санҷидаву таҷриба ҳосил кардаанд,  диҳем, аз пайи нишондодҳои онҳо равем ва аз хислатҳои  бад дурӣ ҷўему дорои хулқу атвори нек бошем. Шахси худбину мағрур на танҳо оқибат аз дўстону наздиконаш дар канор мемонад, балки сафи душманонаш меафзояд:

Ҳар ки гашт аз кибр боло гарданаш,

Дўстон гарданд охир душманаш.

Табиати зиндагӣ чунин аст; некро мукофот неку бадро – бад, яъне: «Нигар ҳар чи корӣ, ҳамон бидравӣ». Аз ин лиҳоз, ҳикмати зерин басо судманд мебошад:

Дар ҳеҷ кас ба чашми ҳақорат назар макун,

То дар ту ҳам ба дидаи таҳқир нангаранд.

Ба истифода аз чунин абёти ҳикматбори бузургон омўзгор дарси тарбиявиро таъсирбахшу пурсамар мекунад ва шогирдонро барои инсони неку хушрафтор, дорои одоби ҳамида будан ҳидоят менамояд.

Давлатмо Асадуллоева,

омўзгори забон ва адабиёти тоҷик,   

ҷонишини директори мактаб– интернати 

миёнаи махсуси санъати  ба номи М.Атоев


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш