Нашрияи Омӯзгор

То илму ҳунар оинапардоз нашуд...

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

 

Мусоҳиба бо декани факултети  гидромелиоративии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, номзади илмҳои техникӣ Шаҳриёр Сатторов

 

-Муҳтарам Шаҳриёр Сатторов, дар оғоз мехостем сухане чанд дар бораи таърихи факултет ва ихтисосҳои дар ин боргоҳи илм омўзонидашаванда бигўед.

- Факултети гидромелиоративии ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур соли 1951 таъсис ёфта, соли аввал 50 нафар ҳамчун довталаб қабул шуда, нахустин маротиба 38 нафар аз рўйи ихтисоси «Гирдромелиоратсия» бо гирифтани дараҷаи муҳандис – гидротехник факултетро хатм намуда, тайи солҳои минбаъда дар натиҷаи афзоиши азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, корҳои мелиоративӣ, сохтмонӣ истифодабарӣ, таъмиру барқарорнамоӣ ва нигоҳдории системаҳои гидромелиоративӣ дар ҷумҳурӣ, талабот ба муҳандис – гидромелиораторҳо зиёд гардид. Аз ин рў, қабули довталабон аз рўйи ихтисосҳои нав сол ба сол зиёд шуда, соли 2021 теъдоди онҳо ба 191 нафар расид. Бояд зикр намуд, ки факултети гидромелиоративӣ ягона маркази тайёр намудани кадрҳои илмӣ- педагогӣ ва бозомўзии соҳаҳои хоҷагии об, кишоварзӣ, гидроэнергетика ва ҳифзи муҳити зист дар ҷумҳурӣ мебошад. Дар  факултет донишҷўён  рўйи 4 ихтисос: сохтмони иншооти гидротехникӣ мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин, истифодаи  ситемаҳои гидромелиоративӣ (истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои обӣ) ва механикаи сохтмон ва гидравлика илм меомўзанд.

Дар факултети гидромелиоративӣ тайи солҳои охир дигаргуниҳои бузурге ба амал омада, заминаи моддию техникии он мустаҳкам гардид. Айни ҳол, факултети мо дорои 2 озмоишгоҳи илмӣ – тадқиқотии соҳавӣ, «Кластери инноватсионӣ ва  илмӣ – тадқиқотӣ оид ба идоракунии ҳамгирои захираҳои обӣ», озмоишгоҳи соҳавии «Гидравликаи иншоот, гидрофизика, раванди маҷро, каналҳои обёрӣ ва минтақаҳои обӣ», пойгоҳи обуҳавошиносии худкор, маркази компютерии пайваст бо шабакаи интернетии бовусъати алоҳида, таҷҳизот ва асбобҳои муосири замонавӣ оид ба соҳаи гидрология, гидрометрия ва хокшиносӣ мебошад.

-Муфассалтар дар хусуси озмоишгоҳҳо, кластери инноватсионии тадқиқоти соҳавӣ ва пойгоҳи ҳавошиносии худкор, ки заминаи асосию калидии татбиқи донишҳои назариявии донишҷўён дар амал ба шумор меравад, иттилоъ медодед.

-Чунонки изҳор доштем, дар факулта 2 озмоишгоҳи илмӣ – тадқиқотӣ ва соҳавӣ фаъолият мекунад. Яке аз ин озмоишгоҳҳо озмоишгоҳи гидравликаи иншоот, гидрофизика, раванди маҷрои об, каналҳои обёрӣ ва минтақавии обӣ номида мешавад. Дар озмоишгоҳи номбурда дар 10 самт корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ба роҳ монда шудааст. Дар самтҳои полоишӣ дар  ҷисмҳои садд ва бандҳои хокӣ, муайян намудани суръати ҳаракати об дар маҷро, мушаххас кардани талафи об дар системаи обтаъминнамоии шаҳру деҳот, истифода ва таъмири пойгоҳҳои обкашӣ, омўзиши  ҳаракати моеъ (гидравлика), тақсимоти об, раванди обгирӣ аз сарчашмаҳои обёрӣ, омўзиши ҳаракати зарроти хок ва таъсири  он ба шабакаҳои обёрӣ,  муайян намудани фишори тобоварии лўлаҳои полиэтиленӣ ва  металлӣ, омўзиши  истифода ва таъмири шабакаҳои новагӣ,  восанҷии ништакҳои обченкунаки сайёр тадқиқотҳои таълимӣ ва соҳавӣ гузаронида мешавад. Озмоишгоҳи дуюм озмоишгоҳи беҳдошти замин ва технологияи обёрӣ мебошад, ки дар самтҳои муайян намудани ташаккулёбии ҷўякҳои обёрии зироатҳои кишоварзӣ, ҳамчунин, мушахаххас кардани полоиши об дар майдонҳои обёрӣ, обпартоии сатҳӣ, шусташавии ҳаҷми хоки қабати ҳосилхез ҳангоми обёрии зироат,  ҳаҷми ҳамворкунии капиталӣ, суръати ҷаббиши об дар дар хок, суръати давидани об дар ҷўй, омўзиши технологияи обёрии қатрагӣ, боронӣ, зерихокӣ бакуллӣ омўхта ва таҳқиқ карда мешавад. Озмоишгоҳи зикршуда ба кафедраи мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин вобаста шудааст. Кластери инноватсионӣ ва илмӣ – тадқиқотӣ оид ба идоракунии ҳамгироии захираҳои обӣ бо мақсади боз ҳам дар сатҳи васеъ омўхтани низоми идоракунии захираҳои обӣ дар шароити ислоҳоти соҳаи хоҷагии об буда, барои тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои хоҷагии обу  кишоварзӣ хизмат мекунад. Кластери мазкур дар мувофиқа ва бо дастгирии Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ва Маркази экологии минтақавии Осиёи Марказӣ дар доираи даҳсолаи барномаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» дар пойгоҳи ҷумҳурӣ дар факултети гидромелиоративӣ ташкил карда шуда, ягона марказе мебошад, ки ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳаҳои хоҷагии обу кишоварзӣ ва бозомўзии мутахассисони ВЭ ва ЗО-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист, МД «Тоҷикгидромед», Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии ҷумҳурӣ, идораҳои ҳавзавии захираҳои обӣ дар мисоли дарёҳои Кофарниҳон, Зарафшон ва Сирдарё, инчунин, идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби ҷумҳурӣ равона гардидааст.

-Мехостем самтҳои фаъолияти кластери инноватсиониро шарҳу тавзеҳ мебахшидед.

-Самтҳои фаъолияти кластери инноватсионӣ аз рушди устувори иқтидори зеҳнии мутахассисони соҳаҳои хоҷагии обу кишоварзӣ, мустаҳкам намудани дурнамои иқтидори техникии фонди хоҷагии об (системаи гидромелиоративии ҷумҳўрӣ), ҳамкории муштарак бо соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ оид ба истифодаи захираҳои мобилӣ ва файндрайзингӣ, ҳамкории илмӣ – таълимӣ ва тадқиқотӣ доир ба идоракунии захираҳои обӣ бо институтҳои илмӣ – тадқиқотии дохил ва хориҷи кишвар иборат мебошад. Барои амалӣ намудани самтҳои зикршуда, кластер бо таҷҳизоти компютери пайваст бо шабакаи интернетӣ ва ҳамоҳанг бо сохторҳои ҳавзавӣ, дастгоҳҳои гидрологӣ, гидрометрӣ, хокшиносӣ ва пойгоҳи обуҳавошиносии худкор бо дастгирии созмонҳои байналмилалии Хелвитас, Ҷайзет, Фао таъмин карда шудааст. Бинои муҷаҳхази махсус бо ин мақсад дар назди факултет сохта шудааст. Иқтидори техникии кластер бо 26 компютер, 3 тахтаи электронии соҳавии махсус, 2 адад сервери калонҳаҷм барои ташкили базаҳои нигоҳдошти маълумот, 3 адад телевизори калонҳаҷм ҷиҳати гузаронидани конференсияву мизҳои мудаввар, машғулиятҳои озмоишӣ, таъмин бо камераҳои мушоҳидавӣ мебошад, ки ин заминаи техникӣ омили боз ҳам мустаҳкам гардидани факултети гидромелиоративӣ дар самти омода намудани мутахассисони варзида мегардад.  Бо  дарназардошти  талабу эҳтиёҷоти замон ва ба амал омадани сохтмонҳои аср дар ҷумҳурӣ, аз қабили неругоҳҳои хурду бузург, пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминаҳои нави обёрӣ, сохтани такшонгоҳҳои системаҳои гидромелиоративӣ, бо мақсади соф намудани обҳои обёрӣ, дар пойгоҳи факултет бо дастгирии ташкилоти Каритаси Швейсария дар доираи лоиҳаи об ва иқлим 3 синфхонаи таълимии муҷаҳҳаз бо васоити таълимӣ ва як озмоишгоҳи масолеҳи сохтмонӣ моҳи октябр пурра мавриди истифода қарор мегирад. Мақсади таъсиси  озмоишгоҳ мустаҳкам намудани донишҳои амалии донишҷўён дар заминаи «Бистсолаи омўзиши фанҳои табиӣ – риёзӣ ва дақиқ» мебошад.

-Корҳои  илмӣ-пажўҳишӣ ва кашфиёту ихтироот аз ҷониби устодону омўзгорон ва донишҷўён дар факултет дар кадом сатҳ қарор дорад? Оё  дастовардҳои илмии солҳои охири устодони  факулта қонеъкунанда аст?

-Бояд тавзеҳ дод, ки корҳои илмӣ, илмӣ – таҳқиқотӣ, эҷодӣ таълимию методии олимону муҳаққиқон, ки дар факултет дарс мегўянд,  дар самтҳои техника ва технологияи обёрӣ дар нишебзаминҳо, техника  ва ташкили обёрӣ дар шароити ҷумҳурӣ, технологияи обёрии пахта ҳангоми парвариши интенсивӣ, мукаммалгардонии технологияи обёрии зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии кишвар, такмилдиҳии системаи идоракунии захираҳои обӣ барои рушди  фаъолияти хоҷагидорӣ дар шароити тағйирёбии иқлим, мукаммалгардонии техника ва технологияҳои обсофкукнанда ва заминҳифзкунандаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ ва арзёбии захираҳои обӣ ва технологияи обёрии  қатрагӣ дар шароити боғҳои интенсивӣ дар водии Ҳисор ва ғайра ба роҳ монда шудааст. Дар бахши корҳои илмӣ, илмӣ – тадқиқотӣ, эҷодӣ ва таълимӣ – методии факултет дар маҷмўъ, зиёда аз 15 китоби дарсӣ, 60 монографияи илмӣ, 100 адад тавсияи илмӣ- истеҳсолӣ, меъёрномаҳои сохтмонӣ, истифодабарӣ ва таъмиру барқарорсозии иншооти мухталиф, инчунин, 1500 мақолаи илмӣ нашр гардидаанд. Дар факултет аз ҷониби устодону омўзгорон  зиёда аз 70 ихтирооти илмӣ анҷом дода шудааст. Натиҷаҳои корҳои  илмӣ ва илмӣ – тадқиқоттии олимони факултет, шуруъ аз солҳои 60-уми асри гузашта то ин дам дар 70 лоиҳаи хурду  бузург дар самти азхудкунии заминҳои нави обёрӣ, беҳтар намудани системаи гидромелиоративӣ бо дарназарадошти васеъ шудани заминҳои обёришаванда, азнавсозии каналҳо, саддҳои ҳимоякунанда ва заминҳифзкунанда дар масоҳати зиёда аз 250 ҳазор гектар замин татбиқ шудааст. Аз ҷумла, давоми солҳои 2000 – 2008 мувофиқи лоиҳаи Институти «Тоҷикгипроводхоз» дар ноҳияи Данғара дар масоҳати зиёда аз 6000 гектар замин истифодаи усул ва шабакаҳои пешниҳодкардаи олимони факултет, марҳала ба марҳала бо дастгирии шарикони рушд аз созмонҳои байналмилалӣ мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтааст. Устоди факултет, доктори илмҳои техникӣ, профессор, академики академияи муҳандисии  Ҷумҳурии тоҷикистон Неъматбой Нурматов барои хизматҳои шоён дар соҳаи маориф ва сисилаи корҳои илмӣ- навоварӣ соли 2000 бо унвони «Ихтироъкори шоистаи Тоҷикистон» ва соли 2001-ум сазовори медали тиллоии «Ташкилоти умумиҷаҳонии ҳифзи интеллектуалии инфиродӣ» гардидааст. Хамчунин, Одина Комилов, доктори илмҳои техникӣ, профессор, академики Академияи муҳандиси ҶТ барои хидматҳои арзандааш бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» қадр карда шудааст. Дар факултет озмоишгоҳи «Технологияи обёрии нишебзаминҳо» амал мекунад, ки омўзгорон ва  аспирантону унвонҷўён тадқиқотҳои аввалини худро дар ин ҷо мегузаронанд. Кормандони кафедра дар тўли фаъолияти худ зиёда аз 50 адад ихтироот дар самтҳои обёрии киштзор бо ҷўякҳои  хурди бо олотҳои махсус буридашуда, ки ба онҳо об ба воситаи шабакаи сайёри ШОС-400 тақсим карда мешавад, истифодаи шабакаи лўлагии обтақсимкунанда ва обдиҳандаи камфишори дар ҷойҳои обгирӣ каҷии П-шаклдошта ба иншооти содаи обгирӣ – обченкунӣ ва обпарто барои нишебзаминҳо, системаҳои гуногуни камфишори чакрагии намуди «Тоҷикистон» барои нишебзаминҳо бо таҷҳизоти арзонбаҳои таҳшинкунанда ва амсоли инҳо анҷом додаанд. Солҳои охир ихтирооти олимони факултет дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Абдураҳмони Ҷомӣ, Дўстӣ, Рўдакӣ, Б.Ғафуров, Ш.Шоҳин, Носири Хусрав ва Ҷайҳун дар майдони зиёда аз 25 гектар барои обёрии зироатҳои ҳархела  ҳам дар саҳро ва ҳам гармхонаҳо татбиқ карда шуданд.

Мусоҳиб

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш