Нашрияи Омӯзгор

Ҳамеша бояд омўхт

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Яке аз хусусиятҳои замони мо инкишофи босуръати илму техника дониста шудааст. Ҳамарўза дар саросари ҷаҳон вобаста ба тамоми илмҳо тағйироти зиёд ба вуқуъ мепайванданд, маълумоти тоза пешниҳод мешавад, кашфиёт ба амал меояд. Ҳар фарди фаъол, хосатан, зиёиёнро лозим аст, ки аз ин ҳама навгониҳои замон дар сатҳи зарурӣ ва саривақт огаҳӣ пайдо намоянд. Албатта, аз ин нигоҳ, талабот ба омўзгорон бештар аст, зеро онҳо мунтазам, ҳар рўзу соат бо илму дониш сарукор доранд. Омўзиши ҳамешагӣ яке аз махсусиятҳои аввалдараҷаи пешаи омўзгорӣ дониста мешавад. Даъвати дерини аҳли хирад – «Маёсой аз омўхтан як замон», пеш аз ҳама, ба аҳли таълиму тарбия дахл дорад. Барои он ки дарси омўзгор пурмуҳтавою ҷолиб ва таъсирбахшу хотирмон сурат гирад, ўро лозим аст, ки аз сарчашмаҳои гуногун (илова бар китоби дарсӣ) огаҳӣ дошта бошад. Омўзгор дар ҷодаи омўзиш набояд танҳо ба фанни худ маҳдуд гардад, балки бояд аз навгониҳо оид ба илмҳои дигар низ асосан бохабар шавад, зеро, ончунон ки маълум аст, тамоми илмҳо бо ҳамдигар робитаи қавӣ доранд, ҳамдигарро комилтар месозанд, тақвият мебахшанд.

Маълум, ки барои тақвияти пайвастаи дониш ва маҳорату малакаи омўзгор воситаҳои гуногун муқаррар шудаанд: таҳсил дар курсу семинарҳои гуногун, иттиҳодияҳои методӣ, машваратҳои августӣ, ҳамоишҳои илмию методӣ, табодули таҷриба, донишкадаҳои такмили ихтисос…

Албатта, ин ҳама воситаҳо омили муҳимми боло бурдани сатҳи маълумоти муаллимон мебошанд, вале дар фаъолияти аҳли маориф муҳимтарин ва пурсамартарин василаи худтакмилдиҳӣ ва ҳамқадами замон будан маҳз худомўзии мунтазаму боҳадафона ва самарбор мебошад. Барои он ки омўзгор ҳар рўз бо сари баланд, бо дили пур ва бо кўлбори пурбори маънавӣ ба назди шогирдон ҳозир шавад, ўро мебояд, ки ҳамарўза чанд соат вақти худро ҳамчун идомаи омодагиҳо ба дарс, ба вохўрӣ бо хонандагон ба худомўзӣ бахшад. Албатта, худомўзии муаллим бояд дар доираи нақшаи муайян, ҳадафмандона ва фарогир бошад. Аз ин ҷост, ки дар мактабҳо дар қатори ҳуҷҷатҳои дигар аз омўзгор талаб карда мешавад, ки дафтари нақшаи худомўзӣ дошта бошад. Ин ҳуҷҷат бомаромию мураттабӣ ва ҳадафмандии омўзиши ҳамешагии муаллимро таъмин менамояд. Табиист, ки мувофиқ ба хусусияти пешааш дар худомўзии омўзгор бояд омўзиши пайваста вобаста ба илмҳои педагогика ва психология бартарӣ дошта бошад. Ин илмҳо дар фаъолияти омўзгор нақши меҳварӣ доранд ва саривақт огаҳӣ дарёфтан аз навгониҳо вобаста ба улуми мазкур кори ўро вусъат мебахшад, ҳадафгиртар месозад.

Дар худомўзии ҳамешагии омўзгор нақши нашрияҳо, махсусан, нашрияҳои соҳавӣ бағоят бузург аст. Ҳар як омўзгори ҳақиқӣ ва дилсўз нисбат ба шогирдону масъулиятшинос нисбат ба пешаи наҷибаш бояд мунтазам нашрияҳои соҳавии худ – «Омўзгор», «Маърифати омўзгор», «Маорифи Тоҷикистон», «Масъалаҳои маориф»-ро мутолиа намояд. Ҳамчунин, аз китобҳои тозанашри марбут ба кори таълиму тарбия омўзгор бояд огаҳӣ дошта бошад, ба мутолиаи онҳо пардозад.

Дарсҳои илова, дарсҳои тарбиявӣ, конфронсу ҷашнвораҳо ва амсоли инҳо, ки дар таълимгоҳҳо бо эҳтимоми омўзгорон баргузор карда мешаванд, боз ҳам тақозои онро доранд, ки омўзиши муаллим бавусъату ҳамешагӣ бошад.

Худомўзӣ файзбахши фаъолияти омўзгор аст ва низ боиси афзудани обрўю эътибори ў дар назди ҳамкорон, хонандагон ва аҳли ҷомеа мешавад.

 

Санавбар АНДАЛЕБОВА,

омўзгори мактаби №59-и

ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш