Нашрияи Омӯзгор

Омодагии комил – омили комёбӣ

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Одам ҳар амалеро, ки содир менамояд, бояд қаблан ба нақша бигирад, дар бораи он биандешад, ба хулоса ояд. Коре, ки бидуни мулоҳизаи пешакӣ иҷро мешавад, аксаран накомил, нуқсондор мемонад, чандон файзу баракат надорад. Ба таъкиди ин мазмун бузургонамон фармудаанд, ки «Аввал бубин ҷои худ, баъд бимон пои худ». Байти зерин низ гуфтаҳои болоро тақвият мебахшад:

Ҳар он к-ў ба ҳар кор бинад зи пеш,

Пушаймон нагардад зи кирдори хеш.

Банақшагирӣ дар фаъолияти омўзгор аҳамияти махсус дорад. Илми педагогика барои аҳли таълиму тарбия мавҷуд будани якчанд ҳуҷҷатро зарур медонад. Аксар омўзгорон шикоят аз он мекунанд, ки аз онҳо дар давоми фаъолияташон доштани миқдори зиёди ҳуҷҷатҳо талаб карда мешавад ва санҷишгарон аз  мақомоти дахлдори соҳавӣ низ, пеш аз ҳама, хоҳиш мекунанд, ки омўзгор ҳуҷҷатҳояшро нишон диҳад. Албатта, чунонки дар оғоз гуфтем, ҳуҷҷатгузорӣ барои пурсамарии фаъолияти муаллим омили муҳим аст, вале ба назари мо, бояд теъдоди аснодро коҳиш дод. Аз ҷониби дигар, пўшида нест, ки чанде аз омўзгорон ҳуҷҷатҳои расмию коргузориашонро асосан ба хотири нишон додан ба санҷишгарону масъулин таҳия месозанд. Аҷибаш он аст, ки аксар вақт санҷишгарон (методистон, намояндагони шуъбаи маориф ва ниҳодҳои дигари соҳа) маҳз ба ҳуҷҷатҳои омўзгор  аҳамият ва бартарӣ медиҳанд, на  ба самараи фаъолияти ў.

Ба ҳар ҳол, имрўз, ба фикри мо, вақти он расидааст, ки ба масъалаи ҳуҷҷатгузории омўзгорон ва роҳбарони мактабҳо таҷдиди назар карда шавад. Ба мушоҳида мерасад, ки на ҳамаи ҳуҷҷтҳое, ки  имрўз аз омўзгорону масъулини таълимгоҳҳо тақозо  мешаванд, зарурат доранд, таҳияи баъзе аз онҳоро ба ихтиёри омўзгор бояд вогузошт. Дар байни ҳуҷҷатҳои расмии омўзгорон, ба таъкиди зумрае аз мактабшиносону педагогҳои варзида, нақшаҳои зерин муҳимтаранд ва ба дарди омўзгор мехўранд: нақшаи тақвимӣ (плани календарӣ), нақшаи мавзуӣ, нақшаи - конспекти яксоата (мазмуни мухтасар)-и ҳаррўзаи дарсҳо (маъмул ба «план-конспек»). Маълум, ки нақшаи тақвимӣ барои соли таҳсил, нимсола ва гоҳо барои чоряк тартиб дода мешавад ва воқеан ҳам, омили муҳими мураттабу бонизом будани машғулиятҳои омўзгор маҳсуб  меёбад ва низ муназзами омўзиши барномаи таълимиро таъмин месозад. Ба мушоҳида мерасад, ки омўзгорон аз шаклҳои гуногуни нақшаи тақвимӣ истифода мебаранд. Ба ҳар ҳол шакли (сохтори) зерин бештар маъмул ва мақбул аст: хели дарс, маводи барнома, миқдори соат, эзоҳ. Муайян кардани хели дарс вобаста ба мазмуну муҳтавои мавзуъ яке аз омилҳои муҳимми фаъолияти омўзгор, гарави пурсамарии машғулиятҳо бо хонандагон мебошад.

Нақшаи мавзуъ дар заминаи муайянсози пешакии тартибу тариқи омўхтани мавзуъҳо аз ҷониби омўзгор мураттаб сохта мешавад. Нақшаи мавзуъ соати умумӣ, тартиби дарсҳо, мавзуъ ва мундариҷаи асосии ҳар як дарсро муайян менамояд. Тавассути ин ҳуҷҷат муаллим ҳар машғулият бо шигирдонро хеле равшан пеши назар меорад ва бо қатъият амал мекунад. Нақшаи дарс баёнгари омодагии комили омўзгор ба дарси навбатӣ мебошад ва махсусан, барои омўзгорони ҷавону камтаҷриба раҳнамои воқеист. Нақшаи дарс бояд эҷодкорона тартиб дода шавад ва дар он муҳимтарин лаҳзаҳои дарс ба таври бештар амиқу дақиқ инъикос ёбанд.

Ҳуҷҷатнигорӣ, таҳияи нақшаҳои зарурӣ чун муҳимтарин ҷанбаи фаъолияти омўзгорон эътироф шудааст.

 

Гулрухсор

Файзуллоева,

омўзгори мактаби №36-и ноҳияи Рўдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш