Нашрияи Омӯзгор

Омилҳои таваҷҷуҳ ба нақл ва гуфтор

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Олимон муайян кардаанд, ки шахс аз 25 то 50 фоиз чизи шунидаашро ҳифз карда метавонад. Хонандаи синфи якум ҳоло ба ин пурра тайёр нест. Ҳангоми сомеъ буданаш диққаташ парешон, фикраш банди бозӣ, ба суханҳо эътибор намедиҳад, аз ин рў, аз нақли гуфтаи муаллим чизе ба хотир намегирад.

Муаллим роҳу усул меҷўяд, то аҳли синф малакаи гўш кардану дар хотир гирифтани нақли муаллимро ҳосил кунанд ва андешаҳои шогирдонро ба низом дарорад. Барои ин омўзгор ба хонандагон тибқи талаби муносибати босалоҳият ба таълим бояд иҷозат диҳад, талабаҳо дар доираи мавзуъҳои шавқовари кўдакона ибрози назар намоянд. Рўҳбаланд кардан, албатта, ҳатмист, зеро шогирдон бо лаҳҷа гап мезананд. Нозукиҳои гуфторро намедонанд ва ҳатто парво надоранд, ки чӣ мегўянд.

Бинобар ин, олимон оид ба ин масъала тавсия медиҳанд, ки диққат додан ба суханони гўянда, вақти суҳбат ба гўянда нигоҳ кардан,бартараф кардани андешаҳои нолозим дар фикр, эътибор надодан ба садоҳои ба гўш расида истода, сарфаҳм рафтан ба ишораҳои гуногуни нотиқ зарур мебошад.

Муаллим метавонад пас аз таҷрибаҳои чандвақта бо шогирдон оҳиста-оҳиста ин марҳалаи басо мушкилро бартараф кунад, ҳарчанд ин мушкили якрўзаю дирўза намебошад. Яке аз роҳҳо бояд ташкили саволу ҷавоби байни ҳамсинфон бошад, ки ҳар дарс муаллим онро ба гунаи ҳатмӣ бояд гузаронад. Зарур аст, ки ҳамсуҳбатро эҳтиром кунанд, ҷавобҳои нодурустро аз рўи одоб ислоҳ намоянд, дағал набошанд. Бо роҳбарии дурусти омўзгор хонандагон дар синфҳои ибтидоӣ давра ба давра, аз дарс ба дарс қобилияти гўш карданро такмил медиҳанд ва он сайқал хоҳад ёфт.

Ёд додан дар ин синну сол замина барои оянда аст. Суханро набуридан, бо сабру таҳммул будан, дониста савол додан, одобро риоя кардан, андешаро комил намудан ва амсоли инҳо мусоидат мекунанд ба малакаҳои гўш кардану гуфтан.

Чун ин ҳамаро ба даст орад, тадриҷан шогирдон малакаҳои гўш кардану гуфтанро аз худ мекунанд. Забонашон оҳиста-оҳиста равону бурро мегардад ва таркиби луғавияшон бой мегардад. Омўзонидан, ё гўш карда ҷавоб додан ва машқи хотира имкон медиҳад, ки минбаъд хонанда аз рўи нақли шунидааш нақле нависад, ё дар ҳаҷми 20-25 калима ЭССЕ эҷод кунад.

Дилафрўз Назриева,

омўзгори синфҳои ибтидоӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш