Нашрияи Омӯзгор

Зикри нуқсонҳо аз ғаразу нуктагирӣ нест

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 849        Шарҳ: 0

 

(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта)

Маълум, ки муқарриз дар ин ҷо далели «солиёни дароз аз санҷиши ҷиддии методӣ гузаштан»-и «китобҳои тартибдодаи худро» вобаста ба то ин замон дар истифода будан ва аз чигунагии вазъи номуътадили феълии дохили онҳо садо баланд накардани омўзгорони ин фанни таълимиро дар назар дорад.

Аз ин хотир, солҳост, ки шумо аз хомўшӣ, камҳавсалагӣ, камтаваҷҷуҳӣ ва бетарафию бепарвоии омўзгорон истифода ва аз он эҳсоси ризоият намуда, «ҳокимият» меронед. Ҳунари шумо нодида гирифтани камбудиҳо буда,  қонеъ аз вазъи феълии китобҳои тартибдодаи хеш мебошед ва аз камбудиҳои онҳо чашм мепўшед.

Аз тарафи дигар, шумо медонед, ки ошкорсозии камбудӣ ва норасоиҳои китобҳои мазкур масъулинро парвое нест. Онҳо аслан аз вазъи дохилии ин китобҳо ноогаҳанд.

Баъдан бигўед, ки китобҳои шумо бидуни мақолаҳои таҳлилии зиндаёд, устод Н. Қодиров ё худ баъди солҳои 2005 кай ва дар кадом нашрияҳо ба мисли китобҳои дарсии фанҳои гуманитариву иҷтимоӣ аз нигоҳи мазмуну муҳтаво, забон ва тарзи методии навишти онҳо мавриди таҳқиқи ҷиддӣ қарор гирифтаанд? Дар мо нафарони нисбат ба китобҳои мазкур мақолаҳои таҳлилӣ – методӣ менавишта ниҳоят каманд. Чунин мақолаҳо агар навишта шаванд ҳам, ба хонанда маълум намешавад, чӣ натиҷа додаанд…Муқарризонашон бошанд, дар нашрияҳо ҷуръати чопи онҳоро надоранд.

 Шумо мақолаҳои тақризӣ-таҳлилии ба нафъатон набударо қабул надоред ва бо муаллифон розӣ будан намехоҳед. Аз онҳо нороҳат мешавед. Масалан, дар вокуниши эътирозомез ва ғазаболуд навиштаатон - «Ворисон киро намебахшанд?» («Минбари халқ», №55, (325), 1. 07. 2005) (ҷавоби шумо ба мақолаи дар ҳамин рўзнома бо номи «Ворисон намебахшанд»)-и омўзгорони литсеи №1-и ноҳияи Ёвон М. Олимов, А. Бобокалонов ва дигарон нисбат ба китоби «Математика-6» гуфтаед: «Ҳамин ки муқарризон китоби худашонро навиштанд, метавонанд ба хонандаи синфи 6 мақсади шахсии худашонро пешниҳод намоянд, вассалом». Ана, ёбеду гиред!

Ба андешаи Шумо, гуё навиштани тақриз ба чунин китобҳои дарсӣ фақат ба онҳое мумкин аст, ки китобҳои таълимии навиштаи хешро дошта бошанд?! Пас, чунин китобҳо барои кӣ ва барои кадом хонанда навишта мешаванд? Агар барои хонанда бошад, барои чӣ намегузоред, ки омўзгорон перомуни онҳо мулоҳизаҳои хешро баён созанд? Чӣ, шумо мехоҳед оид ба фанни математика фақат ғалаткитобҳои шуморо мавриди истифода қарор диҳанд?!

Забони китоби дарсӣ яке аз масъалаҳои асосист. Ба фикри мо, имрўз як роҳи ҳалли ин масъала он аст, ки ҳар китоби таълимӣ аз таҳрири мутахассисе, ки дар ҳақиқат, фанни худ ва забони тоҷикиро хуб медонад, бигзарад.

Забони пурнуқсони китоби дарсӣ масъалаи дарднок аст, натиҷаи таҳсилро коҳиш медиҳад. Аксари китобҳои таълимии фанҳои дақиқ забони хароб доранд. Чун забони китоби дарсӣ пурнуқсон аст, мо наметавонем мутахассиси босаводу бофарҳанг тарбия кунем. Ба назари мо, ислоҳи забони китобҳои дарсӣ аз муҳимтарин вазифаҳои имрўза мебошад.

Барои он ки маро ба дурўғгўӣ муттаҳам накунанд, ба таври намуна, аз китобҳои дарсии ҳоло амалкунандаи фанни «Математика» (бидуни таҳлили филологӣ, чунки онҳо дар навишт ҷойи зиёдеро мегиранд) баъзе мисолҳо меорем ва бигзор, хонанда худ ба он баҳо диҳад: «Велосипед? аз асп?дида? 5 баробар ? тезтар ҳаракат? мекард…» («Математика-6», саҳ 64, А. Шарифзода). «Аз ду деҳа, ки дар як вақт ба пешвози ҳам? ду пиёда? ба роҳ баромад?» (саҳ 86, «Математика-6» А. Ш). «Дар сатри аввали ҷадвал сари? ҳарфи даъватшавандаҳо? оварда шудааст» (саҳ. 210, «М-6» А. Шарифзода)

 Акнун ба сатрҳои дар китоби «Математика-5»-и А. Шарифзода диққат медиҳем: «Дар мусобиқаи шатранҷ? 6 нафар ширкат варзид ?» (саҳ41), «Адади 6-ро аввал 3 карат ?, баъд 4 карат ?калон карда, . . » (саҳ 71) «Агар асп ?бо суръати 8км /соат ва велосипед? бо суръати 10км /соат равона бошанд…» (саҳ 236). «Нархи 1кг зардолу 1, 5 сомонӣ буд. Нархи 1, 2 кг ; 3, 4кг зардолу чанд сомонӣ буд?» (саҳ 217) ва ғайра.

Аз ин мисолҳо маълум гашт, ки Шумо дар донистани забони адабии тоҷикӣ бо ҳар ду пой мелангед. Дар ҷумлаҳои боло меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ ҳеҷ риоя нашудаанд.

Ман дар мақолаҳоям масъалаи аз фанни математика дониши суст доштани хонандагонро пеш аз ҳама, ба он иртибот додам, ки китобҳои дарсии «Математика» дар сатҳи хеле паст мураттаб шудаанд. Мақсад аз нишон додани камбудиҳо ислоҳи онҳо дар нашрҳои минбаъдаи онҳост.

Муқарриз дар мақолааш эътироф намудааст, ки китоби «Математика-6»-и бо таҳрири Б. Алиев навиштаи ў, ки он бори охир соло 2004 нашр шудааст, ҳоло дар истифода нест.

 Аслан, ин китоб муддате боз нашр нашудааст, вале ҳоло дар истифода аст. Вале савол ин ҷост, ки чаро то ин замон оид ба аз истифода боздоштани китоби мазкур амре ё худ тавсияе ба омўзгорони ин фанни таълимӣ пешниҳод нашудааст?

      Аз маҷмуи зиёди камбудию норасоиҳои дар китоби дарсии амалкунандаи «Математика, 5» мавҷудбуда ду-се мисол меорем. Аз рўи ҳалли иҷрошудаи ин мисолҳо хонанда метавонад, ба чигунагии вазъи дохилии ин китоби дарсӣ худ ба он баҳо диҳад.

Мисоли 5 (саҳ. 61). Тарафҳои секунҷа 3см, 4см, 8см мебошанд. Периметри секунҷаро ёбед.

Муаллифи китоб ҷавоби ин масъаларо ба 15см баробар донистааст. Магар ў ин масъаларо дуруст ҳал кардааст? Оё чунин «секунҷа» бо тарафҳои дар боло додашуда вуҷуд дорад?

Мисоли 3 (саҳ. 152) 1=2/1=3/1=4/1= …Магар чунин баробарии пешниҳодшуда дуруст аст. Бигзор, ба ин муаллифи китоб посух диҳад. Дар китобҳои дарсии фанҳои дақиқ дохил намудани чунин намуди мисолҳои бемантиқ айб аст.

 Дар фанни математика истифодаи он китобҳои таълимие ба мақсад мувофиқ дониста мешаванд, ки қисми назариявии онҳо ба қадри кифоя асоснок ва нисбатан содатар баён ёфта, осонфаҳм бошанд. Чунин ҳолат дар китобҳои таълимии ҳозира мушоҳида намешавад. Ҳалли бештари машқҳои асосӣ ва масъалаҳо дар муқоиса бо мисолу масъалаҳои китобҳои дарсии солҳои пешин ва ҳозираи русӣ душвор аст. Ин машқҳо бидуни санҷишҳои ибтидоии методӣ, танҳо аз рўи хоҳиш ва таъбу завқи шахсии муаллифони онҳо ба китоб дохил карда шудаанд. Дар онҳо талабу дархост ва қобилияти хонандагони сустхонро ба назар нагирифтаад.

Аз вазъи мавҷуда ба хулосае метавон расид, ки то солҳои наздик аз тарафи муаллифони худӣ таълифи китобҳои хуби таълимӣ, ки сифатан аз китобҳои дарсии солҳои пешин ва ҳозираи русӣ бартарӣ дошта бошанд, ба гумон аст. Аз ин лиҳоз, дар асоси мушоҳидаҳо, бештари омўзгорони ин фанни таълимӣ ба он назаранд, ки ягона роҳи даво бахшидан ба ин мавзуъ барои беҳтар ба роҳ мондани сифати таълими фанни риёзӣ то тавлиди китобҳои хуби таълимӣ, аз омўзиши китобҳои мураккабу пурғалати муаллифони худӣ (Математикаи синфҳои 5 ва 6, ҳамаи китобҳои геометрия ва китоби Алгебра -7) худдорӣ бояд кард. роҳи ҳалли масъала алҳол аз нав кор гирифтани ҳамон китобҳои тарҷумашудаи солҳои пешин ва ё бо андаке тағйирот ба тоҷикӣ гардонидни китобҳои ҳозираи русӣ мебошад.

Китобҳои пеш тарҷумашудаи фанни «Геометрия»-ро бошад, бидуни дигаргунӣ чӣ тавре ки ҳаст, бо нигоҳ доштани ҳамон гуфторҳояшон аз соли хониши минбаъда ҳамон тавр метавон истифода намуд.

 Тарҷумаро низ ба ҳар кас набояд бовар кард. Тарҷума кори меҳнатталаб буда, дониши баландро мехоҳад. Ба ин кор бояд нафароне ҷалб шаванд (новобаста аз доштани унвони илмӣ), ки таҷрибаи омўзгории зиёд дошта бошанд ва аз ҳама муҳим- забони модарии худро хуб донанд.

 Вазъи китобҳои имрўза бозгўи он аст, ки ба таври инфиродӣ навиштани китобҳои дарсии фанни мазкур қобили қабул нест. Дар айни замон, бо иштироки гурўҳи бештари муаллифон навиштани китобҳои нави таълимӣ барои фанҳои дақиқ яке аз усулҳои беҳтарин ва самараноктар хоҳад буд. Масалан, дар навишти китобҳои дарсии «Алгебра» барои синфҳои 7 ва 8 нашри соли 1992 панҷ нафар, «Алгебра» барои синф 9, дар зери таҳрири С. А. Теляковскии 7 нафар, «Алгебра» барои синфҳои 10-11, дар зери таҳрири А. Н. Колмогоров 6 нафар иштирок намудаанд.

 Набояд фаромўш кард, ки аз ин китобҳои дарсӣ, хусусан, аз фанҳои дақиқ, тақдири ҳамаи насли ояндаи миллат вобаста аст. Сифати китобҳои дарсӣ, омўзиши ҳамаҷонибаи илмҳои дақиқ, компютер, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, тайёр кардани кадрҳо имрўз дар Тоҷикистони азизи мо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиманд. Бинобар ин, беҳуда нест, ки дар ҷумҳурӣ солҳои 2020-2040-ро Бистсолаи омўзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаҳои маориф ва илм эълон кардаанд. Аз тарафи дигар, Пешвои миллат зимни суханрониашон дар Рўзи дониш 17 августи соли 2020 таъкид доштанд, ки «Сатҳу сифати дониши хонандагон, пеш аз ҳама аз мазмуни муҳтавои китобҳои дарсӣ вобаста аст».

Мо аз доварони асосии ин китобҳо – омўзгорони фанни таълимии мазкур, аз олимону методистони ба ин масъала сарукордошта ва аз нашрияҳои соҳаи маориф гиладорем; барои чӣ онҳо дар бораи камбудиву хатоиҳои чунин ғалаткитобҳо қариб ки чизе наменависанд. Агар онҳо ҳар сари чанд вақт ба ин кор даст мезаданд, китобҳои таълимии фанҳои дақиқ, аз ҷумла, математика ба чунин вазъ гирифтор намешуданд.

Аз хонандагон ва ҳамкасбони муҳтарами худ хоҳиш менамоем, фикру андеша ва мулоҳизаҳои хешро оид ба ин мақола ба идораи ҳафтаномаи «Омўзгор» ирсол намоянд.

 

Ҳоҷӣ Бобоев,

омўзгори математикаи МТМУ №14, шаҳри Ваҳдат,

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш