Нашрияи Омӯзгор

ДДЗТ: 113 нафар хориҷ карда шуд

Сана: 2018-08-02        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Дар нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Маҳмадулло Раҷабзода қайд кард, ки дар чор факулта - филологияи тоҷик, филологияи рус, забонҳои романӣ – германӣ ва факултаи забонҳои Шарқ ва шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ) дар маҷмӯъ, дар 14 кафедра аз рӯйи 27 ихтисос фаъолияти илмӣ – амалӣ, тарбиявиро хуб ба роҳ монда шуд. Дар соли таҳсили 2017 – 2018 560 нафар донишҷӯ (12 нафар бо дипломи аъло) донишкадаро хатм намуданд. Мутаассифона, бо сабаби давомоти нокифоя ва қарзҳои академӣ 113 нафар аз сафи донишҷӯён хориҷ гардиданд.

Забономӯзӣ ва тарҷумаи   асарҳои бадеии  адибони хориҷӣ аз ҳадафҳои дигари таълимгоҳ ба шумор меравад. Таъкид гардид, ки як қатор асарҳои адибони тоҷик аз тарафи шогирдон дар ҳамкориву дастгирӣ бо устодони онҳо ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума шуда истодаанд. Бо вуҷуди ин, ба гуфти М. Раҷабзода, дар ин самт омода кардани тарҷумонҳо қаноатбахш нест. Айни ҳол, маҷаллаеро доир ба масъалаҳои забоншиносӣ ва тарҷумонӣ таъсис додем, ки аз моҳи сентябр шумораи нахустини он ба дасти хонанда хоҳад расид. Минбаъд дар ин маҷалла тарҷумаҳои устодону шогирдони донишкада ба чоп мерасанд.

Соли гузашта 168 нафар ба тарзи низоми фосилавӣ қабул гардиданд. Дар ин маврид мушкилот ба назар мерасад. Ин ҳам бошад тасаввуроти кам доштани донишҷӯёни мазкур ба техника ва технологияи муосир аст. Аз ин рӯ, аз рӯйи панҷ ихтисос дар ин мавзӯъ семинарҳо гузаронида шуд.

Донишкада алҳол бо нуҳ муассисаи олии касбии кишварҳои хориҷа созишнома ба имзо расонид. Имрӯз дар донишкада 109 нафар шаҳрванди хориҷӣ таҳсил менамоянд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта даҳ баробар зиёд аст.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш