Нашрияи Омӯзгор

Забони мо ҷаҳони мост

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 816        Шарҳ: 0

 

 

Ба хотири гиромидошти Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиш баргузор шуд, ки дар он олимону донишмандон, омўзгорон ва донишҷўён ширкат варзиданд. Сараввал сухани табрикии ректори донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ шунида шуд, ки дар он нақши Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забон дар замони истиқлол бо мисолҳои мушаххас бозтоби густурда ёфта буд.

Профессор Саидмуроди Хоҷазод таваҷҷуҳи аҳли нишастро ба мавзуи «Нақши асари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат-ҳастии миллат» дар рушди забони тоҷикӣ дар замони истиқлол» ҷалб кард. Ба таъкиди мавсуф, ин асар аз шоҳкориҳои замони истиқлол дар амри рушду такомули забони тоҷикӣ ва ҳифзи он аз хатару таҳдидҳои равандҳои ҷаҳонишавӣ ба шумор рафта, ба табъ расонидани он ба забонҳои русӣ ва англисӣ ва тарғиби тарҷумаи асар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ имкон хоҳад дод, то дар таҳқиқи таърихи забони тоҷикӣ ва даврабандии он дар илми муосир фаҳмиши нав рўйи кор ояд.

Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки масъалаи истилоҳу истилоҳсозӣ дар забон ба мушкилоти умда табдил ёфтааст, ки пайдо намудани роҳҳои ҳалли он кўшиши дастҷамъиро тақозо дорад. Ин дар назди мутахассисон ва олимони соҳа масъулияти бознигарӣ ва такмили истилоҳу истилоҳсозӣ, инчунин, ба табиати забони тоҷикӣ мутобиқ намудани истилоҳоти байналмилалӣ, ба пояи илм расонидани забони тоҷикӣ ва роҳҳои дигари бурунрафт аз мушкилоти зикршударо ба миён мегузорад.

 

«омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш