Ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси ҳар фарди бошарафу бовиҷдон мебошад. Дар муноқишаҳои марзие, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Исфара бо гуноҳи шаҳрвандони давлати ҳамсояи Қирғизистон рух дод, мутаассифона, чанде аз фарзандони шуҷоъу далери тоҷик низ ҷоми шаҳодат нўшиданд, ки яке аз онҳо капитани Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Ғафурзода Некрўзи Набӣ буд. Ў зодаи деҳаи Даҳбеди Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода буда, ҳамагӣ 28 сол дошт ва соҳиби ду писар буд. Далериву шуҷоати ин сарбози асили Ватан пас аз марг бо ордени «Спитамен», дараҷаи 2 қадрдонӣ гардид.
Ҳафтаи гузашта дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37, шаҳри Турсунзода бахшида ба поси хотир ва номгузории муассиса ба номи шогирди ҳамин таълимгоҳ Ғафурзода Некрўзи Набӣ маҳфили ёдбуд баргузор гардид. Дар он мудири шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода Лайло Раҷабова, шоирон Бузургмеҳри Баҳодур, Иброҳим Дўстализода ва чанде аз собиқадорону омўзгорони муассиса суханронӣ карда, корномаи Некрўз Ғафурзодаро шоистаи ибрату таҳсин арзёбӣ намуданд. Сардабири маҷаллаи «Маърифати омўзгор» Шодӣ Шокирзода ба китобхонаи муассисаи мазкур 25 нусха китоби илмиву бадеӣ ва ба оилаи Некрўз Ғафурзода кумаки моддии нашрияро расонид.
Баъдан аз ҷониби хонандагон қироати шеър, суруду таронаҳо дар васфи Ватан, ҷасорату мардонагӣ, ҳифзи марзу бум, ёдбуди шаҳидон ва саҳнае аз корномаи шаҳиди роҳи озодии Ватан Некрўзи Ғафурзода намоиш дода шуд, ки хеле муассир буд. Дар воқеъ, дар роҳи Ватан мурдан зиндагист ва ёду корномаи фарзандони далери миллату сарзамин дар қалбҳо ҷовидона хоҳад монд.
Муҳаммадҷони ШОДӢ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр