Нашрияи Омӯзгор

Тақдими 58 адад таҷҳизоти компютерӣ аз ҷониби БОҶ

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

 

Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 58 адад таҷҳизоти компютерии муосирро туҳфа намуд. Дар маросими супоридани таҷҳизот муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Гулчеҳра Ғанизода, роҳбари намояндагии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Мусаллам, сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода ва дигар намояндагони ҷонибҳо иштирок доштанд.

Мавриди тазаккур аст, ки дар пайи имзои Ёддошти тафоҳум байни Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июли соли 2021 ҷиҳати таҳкими ҳамкории ҳарду ҷониб, таъмини гузариш ва таҳвили барномаи ғизои мактабӣ ба барномаи устувори миллӣ, БОҶ 58 адад маҷмуи таҷҳизоти компютериро барои дастгирии вазорат оид ба идора ва ҳамоҳангсозии барномаи ғизои мактабӣ тақдим намуд.

Ҳадафи асосӣ таъмин намудани пешниҳоди иттилоот ва ҳуҷҷатгузорӣ дар бораи барномаи ғизои мактабӣ дар саросари кишвар мебошад.

Бояд гуфт, ки ҳамкории Вазорати маориф ва илм бо Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ назаррас буда, фаъолияташро дар Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз намудааст. Мақсади барнома дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани сифати анвои ғизоӣ дар сатҳи миллӣ мебошад. Барномаи мазкур аз соли 1999 инҷониб татбиқи барномаи ғизои мактабиро дастгирӣ менамояд. Барномаи ғизои мактабӣ бузургтарин барномаи БОҶ дар Тоҷикистон аст, ки зиёда аз 430 000 хонандаи синфҳои ибтидоиро дар 2000 мактаб бо хўрок таъмин менамояд.

Бахтовар Сафаров,

корманди Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш