Нашрияи Омӯзгор

Таблиғоти бегонапарастӣ ва оқибатҳои он

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

Имрўзҳо тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм  ба ташвиш оварда,  ба масъалаи доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Фаъолияти ташкилотҳои тундрав ба амнияти миллӣ ва давлатии бисёр кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. 

Воқеаҳои мудҳиши ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, ки миллатро ба ҳоли парешонию давлатро дар садади нобудӣ қарор доданд, натиҷаи чунин ноогоҳию ҷаҳолат, зиёдаравӣ ва фирефтаи ҳизби мамнуи террористӣ-экстремистии наҳзати исломӣ ва бархе аз гурўҳҳои фурсатталаб гардидани мардум ва уламои динӣ бо бегонапарастӣ, бесаводӣ ва аъмоли тахрибкорона буд. Дар ҳоле ки аъзои ин гурўҳ пайваста бо хурофоту таассуб баромад карда, ғаразҳои ҳизбӣ, гурўҳӣ, мазҳабӣ ва шахсиро аз манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ боло гузошта, ҷомеаро ба ихтилоф, ҷудоӣ ва хатару нооромӣ мувоҷеҳ месохтанд. Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, душманони дохилӣ ва хориҷи кишвар бо сарварии саркардаҳои  ташкилоти террористии наҳзати исломӣ байни минтақаҳои гуногуни он низоъ ва кинаву адоватро  паҳн карданд. Дар натиҷа дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуда, дар давлат бесарусомонӣ ва беҳукуматӣ ба вуҷуд омада, тамоми сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардиданд.

Маълум аст, ки Додгоҳи Олии Тоҷикистон соли 2015 ҳизби наҳзатро ҳамчун  ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон карда, фаъолияташонро дар қаламрави кишвар мамнуъ намуд. 

Соли 1997  баъди байни мухолифин ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ  баста шудан, ба ин ташкилоти ифротӣ-террористӣ имконият дода шуда буд, ки рафторашро нисбат ба ҳукумату давлат дигаргун кунад ва мувофиқи он  ба намояндагони мухолифин 30% вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ вогузор карда шуд. Ба таври қонунӣ пазируфтани ташкилоти террористии наҳзатӣ ҳамчун ҳизби сиёсии хусусияти динидошта имкон дод, ки намояндагонаш дар мақомоти мухталифи давлатӣ, аз ҷумла, ниҳодҳои қудратӣ, ба вазифаҳои масъул таъйин гарданд, ки ин як навъ пайванд ёфтани дину сиёсат дар ҳокимияти сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Вале саркардагону аъзои  ташкилоти террористии наҳзатӣ дар низоми давлатдории дунявӣ, ҳамчун як ниҳоди исломи сиёсӣ мақоми қонунӣ касб карда, тавонист аз тариқи матбуоти расмии худ идеяи исломи сиёсиро пайваста тарғиб намояд. Баъдан муносибати аъзои ин ташкилоти террористӣ бо ҳукумат дигаргун шудан гирифт ва он  боиси ошўби мусаллаҳонаи ин ташкилоти террористии  наҳзати исломӣ дар моҳи сентябри соли 2015 гардид. Хушбахтона, ин даъфа низ онҳо ниятҳои нопокашонро амалӣ карда натавонистанд.

Имрўз саркардаи фирории ташкилоти террористии наҳзати исломӣ бо дигар пайравонаш фаъолияташонро  дар хориҷи кишвар ба роҳ  монда, ҳадафҳои нопоки худро нисбат ба давлату миллати тоҷик идома дода истодаанд. Хушбахтона, мардуми сарбаланди Тоҷикистон заррае ба ин палидони наҳзатӣ таваҷҷуҳ  надоранд ва ба муқобили онҳо муборизаи беамон мебаранд. 

 

Соибҷони Саид,

донишҷўи курси 4-уми ДТТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш