Нашрияи Омӯзгор

Ҳамкориҳо густариш меёбанд

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Дар доираи сиёсати «Дарҳои боз» ва гуфтушунидҳо муайян гардидани самтҳои афзалиятноки робитаҳои байналхалқӣ дар соҳаи илму маориф имкон фароҳам овард, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон муносибатҳои самараноки байналмилалиро бо шарикон ва ҳамкорони хориҷӣ густариш бахшад. Дар ин раванд донишгоҳ бо зиёда аз 70 муассисаи таълимиву марказҳои илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонад.

Бахусус, ҳамкориҳои ДДҲБСТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурии ба мо дўсту ҳамсояи Ўзбекистон беш аз пеш густариш  меёбад. Дар асоси ҳамкориҳои мутақобила бо Ҷумҳурии Ўзбекистон ва шартномаи ҳамкорӣ байни Вазоратҳои илм ва маорифи Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Донишкадаи молияи Тошканд, дар пойгоҳи Донишгоҳи  давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон факултети муштарак ташкил карда шуд, ки дар он мутахассисон аз рўи ихтисосҳои молия ва қарз ва  кори бонкӣ омода гардида, пас аз хатм соҳиби дипломҳои ҳарду кишвар мегарданд.

Дар доираи ҳамкориҳо ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Шарифзода Муъмин Машокир ва сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Шарипов Комилҷон дар конференсияи “Саҳми Донишкадаи молиявии Тошканд дар шаклгирӣ ва рушди инфрасохтори инноватсионии таълим, илму фан дар сохтори молиявии бонкӣ”, ки бахшида ба 30-солагии Донишкадаи молиявии Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон баргузор гардид, иштирок намуданд. Ректори донишгоҳ дар  мавзуи “Рушди  ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  ва  Донишкадаи молиявии Тошканд, Ҷумҳурии Ўзбекистон” суханронӣ намуд.

Пас аз анҷоми ҳамоиш байни роҳбарони ин муассисаҳо вобаста ба масоили густариш бахшидани фаъолияти факултети муштараки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишкадаи молиявии Тошканд, ташкили Шўрои муштараки дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмӣ, ворид намудани намояндаҳои ду донишгоҳ ба  ҳайъати таҳририяи маҷаллаи илмии донишгоҳҳои зикргардида, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои илмӣ аз ҷониби ин ду  донишгоҳ ва дигар масъалаҳое, ки ба рушди илму таҳсилот вобастагӣ дорад, вохўрӣ доир гардид.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

Сино Ғафурӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш