Нашрияи Омӯзгор

Ростровут - соҳиби мактаби нав

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

 

8 октябри соли ҷорӣ дар деҳаи Ростровути ноҳияи Деваштич бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Собирзода, раиси ноҳияи Деваштич А. Ҷалилзода, муовини раиси ноҳия Г. Нуруллозода, сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм Д. Сафарзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич Б. Расулзода бинои муассисаи таълимии №24 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Муассисаи таълимии мазкур 2-ошёна буда, барои 240 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст ва 38 нафар омўзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд.

Инчунин, муассиса аз 10 синфхонаи таълимӣ, синфхонаҳои физика, химия, биология, технологияи компютерӣ, ҳуҷраи кории директор ва ҳуҷраи муаллимон иборат буда, бо шабакаи гармидиҳӣ пайваст мебошад.

Муассиса бо технологияҳои нави замонавӣ, 14 адад компютер, 2 адад видеопроектор ва 2 адад принтер таъмин мебошад.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш