Нашрияи Омӯзгор

Туҳфаи арзанда

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва таҷлили бошукўҳи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Дар ифтитоҳи бинои мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовини раиси раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Раҳмонализода Хуршед Раҳмоналӣ, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, роҳбарони муассисаҳои олии вилоят, кормандони васоити ахбори умум иштирок намуданд. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва ҳамроҳонаш ба 17 нафар ятимону маъюбон туҳфаҳои хотиравию арзишманди Пешвои миллатро тақдим намуда, зикр кард, ки ин табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша зери ғамхорию пуштибонии Ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат қарор доранд.

Сипас, меҳмонон бо роҳбаладии директори донишкада Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан дар ошёнаи якуми бино вориди синфхонаҳои таълимӣ гардида, аз синфхонаи тиҷорати электронӣ, озмоишгоҳи молшиносӣ ва муоинаи молҳои истеъмолӣ, парки технологӣ, толори фитнесс дидан карда, бо устодону донишҷўён мулоқот намуданд.

Дар ошёнаи дувуми бинои муассисаи нави таълимӣ, дар толори конференсия суҳбати онлайнии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва ҳамроҳонаш бо донишҷўёни донишкада, ки айни замон дар Донишгоҳи Варнаи Булғория таҳсил менамоянд, баргузор гардид. Дар идома меҳмонон аз озмоишгоҳҳои криминалистика ва синфхонаи компютерӣ боздид карда, ба раванди таълим ва тарзи гузаронидани машғулиятҳо аз тарафи устодони донишкада ошно гаштанд.

Дар маҷлисгоҳи бинои нави таълимӣ мулоқоти меҳмонон бо устодони донишкада баргузор гардид. Вазири маориф ва илм ба истифода дода шудани бинои нави таълимиро туҳфаи арзандаи ҷомеаи меҳнатӣ ба устодону донишҷўён арзёбӣ кард. Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва муовини раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот Раҳмонализода Хуршед Раҳмоналӣ низ ба ҷашни фархундаи миллӣ устодонро табрик гуфта, аз сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар бинои нави таълимӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Директори донишкада Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан зикр намуд, ки дар даврони соҳибистиқлоли кишвар муассисаҳои олии касбӣ таъсис дода шуда, фаъолияти хешро босамар пеш мебаранд, ки аз ҷумлаи онҳо Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» ба шумор меравад. Донишкадаи мазкур, ки муассиси он Иттифоқи Тоҷикматлубот аст, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №59 аз 12 феврали соли 2010 таъсис дода шудааст.

Дар ҳақиқат, донишкада зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар аст ва дар баробари дастовардҳои таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ бахшида ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот дар маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд таҷдид ва таъмири бинои нави таълимӣ ба роҳ монда шуда, корҳои сохтмонӣ ва азнавсозӣ дар сатҳи баланд ба анҷом расиданд.

Бинои мазкур аз 4 ошёна ва 35 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла, утоқҳои лингофонӣ ва компютерӣ, утоқҳои кориву ёрирасон, маҷлисгоҳ, толори конференсия, китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ, озмоишгоҳҳои молшиносӣ ва ташхиси сифати молҳои истеъмолӣ ва криминалистика, Парки технологӣ, ошхона, толори фитнесс иборат мебошад ва барои 850 нафар донишҷў пешбинӣ гардидааст. Бинои таълимӣ дорои буғхона буда, дар фасли зимистон имконияти бо ангишт гарм нигоҳ доштани тамоми ҳуҷраҳоро дорад. Гирду атрофи бино бо дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои рангоранг зебо гардонида шудааст.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш