Нашрияи Омӯзгор

2 муассисаи таълимӣ дар Тоҷикобод

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

6-уми октябри соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бинои муассисаи таълимии №18-и деҳаи Мазори Боло ба истифода дода шуд.

Ҳамзамон, дар ин рўз бинои муассисаи таълимии №21-и деҳаи Сумандараи ноҳияи Тоҷикобод низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иншооти мазкур барои 144 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, аз 8 синфхонаи таълимӣ, синфи компютерӣ, ҳуҷраи кории директор ва ҳуҷраи муаллимон иборат мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки бинои куҳнаи муассисаҳои таълимии мазкур дар натиҷаи заминларзаи рўзи 10 июли соли 2021 пурра ба ҳолати садамавӣ дучор гардида, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муҳлати кўтоҳтарин сохта ба истифода дода шуд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш