Нашрияи Омӯзгор

Муассисаи тозабунёд

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

7 октябри соли ҷорӣ дар деҳаи Раҳмонободи ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Собирзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ М. Атовуллозода, муовини раиси ноҳия З. Умарзода, сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм Д.Сафарзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ И. Оқилзода бинои муассисаи таълимии №37 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Муассисаи таълимии мазкур 2-ошёна буда, барои 175 нафар хонанда дар як баст сохта шудааст ва 20 нафар омўзгори ботаҷриба ба таълимгирандагон дарс мегўянд. Инчунин, муассиса аз  6 синфхонаи таълимӣ, синфхонаи компютерӣ, ҳуҷраи кории директор ва ҳуҷраи муаллимон иборат мебошад.

Муассиса бо технологияҳои нави замонавӣ, 12 адад компютер, 1 адад видеопроектор ва 2 адад принтер таъмин мебошад.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш