Нашрияи Омӯзгор

Се иншооти ҷашнӣ дар як донишкада

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

                                                                                          

 

Дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси шаҳри Бўстон Раъно Ҳошимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ва ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ бинои хобгоҳи донишҷўёни хориҷӣ, Маркази бақайдгирию тестӣ ва майдончаи варзиши теннис барои 200 нафар ба истифода дода шуд.  Нахуст, меҳмонон бо дастовардҳои донишкада шинос шуда, аз Маркази бақайдгирию тестӣ, ки бо усули замонавӣ барои нишасти зиёда аз 100 нафар донишҷў сохта шудааст, дидан намуда, сипас, дар майдончаи варзишии тозабунёд бо донишҷўён суҳбати самимӣ анҷом доданд.  Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода донишҷўёну омўзгорони донишкадаро ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба онҳо барору комёбиҳои беназирро таманно намуд.

Сипас, меҳмонон аз бинои хобгоҳи №1 дидан намуда, ба кори таъмиру таҷдид баҳои баланд доданд. Ҳамчунин, зимни боздид аз биноҳои донишкада вазири маориф ва илм М. Имомзода ба устоди донишкада Г.Самадова нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”-ро тақдим намуд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш