Дар нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, доктори илми иқтисодӣ, профессор Д.Қодирзода аз хусуси фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмӣ – таҳқиқотӣ, инноватсионӣ ва робитаҳои хориҷии донишкада ба рӯзноманигорон маълумот дод.
- Дар давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз тарафи раёсати донишкада нақшаҳои иловагӣ қабул карда шуда, маҷмӯи корҳои ташкилӣ, илмӣ – методӣ барои пешрафти таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳқиқоти илмӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос, ҷалби донишҷӯён ба илм, корҳои инноватсионӣ ва ободониву созандагӣ анҷом дода шуд, - гуфт ректор. – Бинобар ин, донишкада дар ин самт ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ теъдоди устодони соҳибунвон ва дараҷаи илмидошта ба 62 нафар расонда шуд. Бо назардошти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баҳри таъсиси курсҳои кӯтоҳмуддати заргарӣ, ҳунарҳои бадеии халқӣ, забономӯзӣ (забонҳои англисӣ, русӣ ва хитоӣ) курсҳои тайёрӣ, компютерӣ, қаннодӣ, муҳосибот, кор дар компютер таъсис дода шуд.
- Муваффақияти дигари мо, - афзуд ректор, - бо мақсади инкишофи нутқ ва маданияти сухангӯии донишҷӯён қабули имтиҳоноти фосилавӣ аз фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони хориҷӣ ба таври шифоҳӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин давра мониторинги сифати таҳсилот дар курсҳои 1 – 3 аз фанҳои тахассусӣ гузаронида шуд. Тибқи натиҷаҳои мониторинг фоизи азхудкунӣ 80, 2 фоиз ва сифати таҳсилот 62, 1 фоизро ташкил дод.
Ҳамчунин, Диловар Қодирзода зикр намуд, ки дар самти корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва робитаҳои хориҷӣ низ корҳои назаррасе ба даст омаданд. Айни замон ду нафар диссертатсияи номзадии худро дифоъ намуданд, се нафари дигар бошанд, барои ҳимояи рисолаҳои хеш иҷозат гирифтанд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр