Нашрияи Омӯзгор

Ифтитоҳи Мактаби Оксфорд

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

8 октябр дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти нахустин мактаби байналмиллалии типи нав – “Мактаби Оксфорд” оғози расмӣ бахшиданд.

Бинои муассисаи таълимии “Мактаби Оксфорд” дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Саидмурод Давлатов бо сарфи 17 миллиону 695 ҳазор сомонӣ бо лоиҳаи ҷолиб, истифодаи тарҳу услубҳои миллӣ ва аврупоӣ, ҷавобгў ба талаботи меъёрҳои байналмиллалӣ бунёд гардидааст.

Ба Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои муассиса барои таҳсили 550 нафар хонанда, таълиму тарбияи 50 нафар кўдаки синни томактабӣ дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Иншоот аз 2 бинои 4 - ошёна, 36 синфхонаҳои таълимӣ, синфхонаю ҳуҷраҳои таълиму машғулияти томактабӣ, озмоишгоҳҳои фаннӣ, толори барҳавои маҷлисгоҳ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, нуқтаи тиббӣ, китобхона ва толори хониш, толори варзишии пўшида иборат буда, бо таҷҳизоту лавозимот, аёниятҳои мактабии ватанӣ ва хориҷии дорои сифату стандартҳои ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.

Фаъолияти муассиса тибқи барномаи таълимии “Кембриҷ” -и Британияи Кабир ба роҳ монда, таълим бо забонҳои англисӣ ва русӣ сурат мегирад.

Хатмкунандагони мактаб соҳиби сертификати таълимии байналмиллалӣ мешаванд.

Дар “Мактаби Оксфорд” алҳол 32 нафар омўзгор фаъолият дошта, 14 нафар аз давлатҳои хориҷӣ - Британияи Кабир, Ҳиндустон, Филиппин, Мисри Араб, Кения, Нигерия, Африқои Ҷанубӣ, Камерун, Канада бо таҷрибаи корӣ дар мактабҳои бонуфузи байналмиллалӣ мебошанд ва 12 нафар омўзгори маҳаллӣ, ки аз озмуни сатҳи талаботи байналмиллалӣ гузаштаанд, ба кор ҷалб карда шудаанд.

Дар муассиса таҳсил ва маҳфилу машғулиятҳои иловагӣ аз соати 8-и пагоҳӣ то соати 17 давом мекунад. Ҳамчунин, барои таълиму омўзиши рўзгордорӣ, рушди истеъдодҳо, инкишофи ҳаматарафаи хонандагон маҳфилҳои пухтупаз барои духтарон, рассомию мусиқӣ, технологияи информатсионӣ, варзиш амал мекунанд ва барои ин мақсад шароитҳои беҳтарин муҳайё карда шудааст.

Саидмурод Давлатов иқдом намудааст, ки бо мақсади васеъ намудани фаъолияти муассисаи таълимӣ барои 200 нафар хонанда хобгоҳ бунёд намояд.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш