Нашрияи Омӯзгор

“Мактаби Пулотов” дар шаҳри Хуҷанд

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 816        Шарҳ: 0

                                            

8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 28-уми шаҳри Хуҷанд бинои нави Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби Пулотов»-ро мавриди истифода қарор доданд. 

Бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии мазкур дар иртибот ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 2980 метри мураббаъ барои зиёда аз 1200 нафар хонанда дар ду баст бо тарҳи муосир бунёд гардидааст.

Бинои Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби Пулотов» аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дорои 31 синфхона, аз ҷумла, 2 ташхисгоҳи фаннӣ, 2 синфхонаи технологияи иттилоотии пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет, 2 синфхонаи технологӣ ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ, кабинетҳои фаннӣ, утоқ барои омўзиши шоҳмот, ҳуҷраҳои корӣ, китобхонаи электронӣ, маҷлисгоҳ барои зиёда аз 100 нафар, ошхона бо 120 ҷои нишаст, толори варзишӣ-гимнастикӣ, ҳуҷраи тиббию дандонпизишкӣ, буғхона ва дигар иншооти ёрирасон аст, ки бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити таълимӣ дар синфхонаҳо бо хонандагон суҳбати озоду самимӣ карданд ва онҳоро ба омўзиши ҳарчи бештари донишҳои замони муосир, аз ҷумла, фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва технологияи компютерӣ ҳидоят намуданд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш