Нашрияи Омӯзгор

Оғози фаъолияти «Шукуфаҳои истиқлол»

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар деҳаи Баҳористони деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи таҳсилоти томактабии “Шукуфаҳои Истиқлол”-ро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки кўдакистони мазкур аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва фаъолони деҳаи Баҳористон бунёд шудааст.

Дар 4 гурўҳ 160 нафар кўдак ба тарбия фаро гирифта мешаванд.

Мавриди истифода қарор гирифтани кўдакистони мазкур имконият фароҳам овард, ки дар ин ҷо 25 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шаванд.

Бинои кўдакистони “Шуку-фаҳои Истиқлол” аз 2 ошёна иборат буда, дар майдони 0,70 гектар бунёд шудааст ва дар он тамоми шароити муосир барои таълиму тарбияи кўдакон муҳайё мебошад.

Дар ҳудуди бинои кўдакистон ҳуҷраҳои ёрирасон, аз қабили толори мусиқӣ, толори варзиш, ҳуҷраи тиббӣ ва 4 майдони фароғатӣ бунёд гардида, имконият фароҳам меорад, ки кўдакон бо шавқу ҳавас дар ин макони таълимӣ вақти худро сипарӣ намоянд.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонии иншоот баҳои баланд дода, ба мураббияҳо ва роҳбарияти кўдакистон дастур доданд, ки ба сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Барои ба воя расонидани кўдакони зираку ҳушёр ва солиму соҳибмаълумот саҳми арзанда гузоранд, зеро кўдакон ояндаи миллат мебошанд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш