Нашрияи Омӯзгор

«Махзани илм» дар Хистеварз

Сана: 2021-10-13        Дида шуд: 823        Шарҳ: 0

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мактаб - кўдакистони “Махзани илм”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Мактаб-кўдакистон бо саҳми бонуи соҳибкор Гуландом Воситова дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои давлатии соҳибкории ватанӣ ҷиҳати амалисозии дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия бунёд гардидааст.

Муассисаи мазкур бо харҷи беш аз 1 миллиону 150 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо тарҳу лоиҳаи хоса барои таълиму тарбияи то 160 нафар хонандагону кўдакон пешбинӣ шудааст.

Дар муассисаи мактабӣ 40 нафар хонандагон ба машғулиятҳои иловагӣ - омўзиши амиқи забонҳои хориҷии англисӣ, олмонӣ, хитоӣ ва русӣ фаро гирифта мешаванд, ки барои ин имконияту шароитҳои меъёрӣ фароҳам оварда шудааст.

Бинои муассисаи мактаби дорои 2 синфхонаи таълимӣ ва дигар иншооти ёрирасон аст.

Дар шафати мактаб бинои кўдакистон бунёд карда шудааст, ки он аз ду ошёна бо таҳҳона иборат буда, дар шаш гурўҳ 120 нафар кўдак тарбият мегиранд. Ҳамаи шаш гурўҳ дорои хонаҳои алоҳидаи хоб ва бозӣ буда, гурўҳҳо бо кату рахти хоб ва таҷҳизот, ашёву аёниятҳо тибқи меъёрҳои тарбияи томактабӣ муҷаҳҳазонида шудааст.

Таълиму тарбия дар муассисаи томактабӣ асосан бо забони русӣ ба роҳ монда шуда, кўдакон, ҳамчунин, ба омўзиши забонҳои англисӣ ва хитоӣ ва дигар машғулиятҳои варзишӣ ҷалб карда мешаванд.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёд кардани шумораи кўдакистонро дар маҳаллу деҳот барои фарогирии ҳарчи бештари кўдакон ба таҳсилоти томактабӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш