Нашрияи Омӯзгор

Сафи бонувони варзишгарро бояд афзуд

Сана: 0000-00-00        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов яке аз мактабҳои олии муваффақи кишвар буда, фаъолияти он, дастовардҳои шоистааш, аз ҷумла, таваҷҷуҳи кормандони воситаҳои ахбори оммаро пайваста ба худ ҷалб менамояд.

Аз ин ҷост, ки дар нишастҳои матбуотии ин таълимгоҳи бонуфуз ҳар дафъа рӯзноманигорони зиёде ҳозир мешаванд ва ба саволҳои худ посухҳои пурдалелу қаноатбахш дармеёбанд. Дар нишасти матбуотии навбатии донишкада, ки 26 июни соли равон баргузор гашт, ректори донишкада, профессор Шодӣ Сафаров ба як силсила пурсишҳои рӯзноманигорон ҷавоб дода, аз ҷумла, зикр кард:

- Мо ифтихормандем, ки таълимгоҳамон дар тавсеаи тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзишӣ дар кишварамон нақши бориз дорад. Ҳамасола беш аз ҳазор нафар ҷавон донишкадаи моро хатм намуда, дар арсаҳои гуногун – дар мактабҳо, донишгоҳу донишкадаҳо дар сексияҳову ниҳодҳои варзишӣ, дар мақомоти ҳарбӣ ба фаъолият мепардозанд. Айни замон дар дастаҳои миллии ҷумҳурӣ оид ба намудҳои гуногуни варзишӣ беш аз сад шогирди донишкадаи мо ва собиқ шогирдонамон ҳунарнамоӣ ва шарафи варзиши миллатро ҳифз менамоянд. Донишкада давра ба давра, ҳам аз лиҳози сатҳу сифати таълиму тарбия, ҳам аз нигоҳи фарогирии устодони варзида, ҳам аз ҷиҳати таҷҳизоти таълимию варзишӣ ва ҳам аз боби ободониву шукуфоӣ такмил меёбад, пеш меравад. Шогирдони мо дар тамоми мусобиқаву сабқатҳои ҷумҳурӣ фаъолона ширкат меварзанд ва соҳиби ҷоизаҳои асосӣ мегарданд. Масалан, 12 сол боз дар мусобиқаи ҷумҳуриявии волейболбозон дастаи таълимгоҳи мо ҷойи аввалро ишғол менамояд. Имсол гурӯҳҳои нав – велосипедронӣ ва шоҳмотбозӣ ифтитоҳ ёфтанд. Минбаъд боз чанд гурӯҳи нави дигар ба фаъолият хоҳанд пардохт.

Аҳли донишкада (устодон) дар масъалаи табъу нашри китобҳои дарсӣ ва китобу дастурҳо оид ба намудҳои варзиш ва таърихи варзиш ба комёбиҳои чашмгир ноил гардиданд. Ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар донишкада чорабиниҳои гуногун ва муассиру муфид баргузор карда шуданд. Ба ин муносибат хазинаи осорхонаи донишкада бо экспонатҳои нави миллӣ такмил дода шуд.

Ректори донишкада, ҳамчунин, ба масъалаи таҳсили бонувон дар таълимгоҳ ва муносибати онҳо ба варзиш дахл намуда, иброз дошт, ки дар мо бонувони варзишгар соҳибимтиёзанд. Мехоҳем, ки минбаъд теъдоди ҳар чӣ бештари бонувон ба донишкадаи мо ҷалб шаванд, то дар оянда шарафи варзиши мамлакатро ҳифз намоянд. Дар тарғиби варзиш дар байни бонувон ва ҷалби онҳо ба таълимгоҳҳои тарбияи ҷисмонӣ воситаҳои ахбори омма нақши муҳим бозида метавонанд.

Ш. Сафаров иттилоъ дод, ки имсол шумораи зиёди довталабон донишкадаи моро интихоб бинмудаанд, ки ба як ҷой нуҳ нафар рост меояд. Ин, аз як тараф, далели боз ҳам боло рафтани эътибору нуфузи мактаби олии мо бошад, аз тарафи дигар, бештар рӯй ба варзиш овардани ҷавононро собит месозад.

Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон намоиши китобҳои тозанашри гурӯҳи олимону устодони донишкадаро тамошо карданд.

 

А. Муродӣ,

«Омӯзгор» 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш