Нашрияи Омӯзгор

ЭЪЛОН

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Давлати Кувайт барои соли таҳсили 2022-2023 2 адад бурсияи таҳсилӣ аз рўи ихтисоси илмҳои ҳаётӣ ва забон ва адабиёт дар зинаи бакалавриат пешниҳод  кардааст.

Шартҳои қабул

1. Пешниҳоди тарҷумаи ҳол;

2. Довталаб бояд дар давраи омўзишӣ ба кори дигар машғул нашавад;

3. Синну соли довталаб аз 25 боло набошад;

4. Довталаб бояд дорои шаҳодатнома оид ба таҳсил бошад;

5. Хислатномаи тасдиқгардида аз ҷониби Сафорати кишвар дар Кувайт;

6. Донишҷў бояд, тамоми талабот ба таҳсилро риоя кунад (аз ҷумла, дар хобгоҳ ва низоми таълим);

7. Барномаи таълимӣ се марҳиларо дар бар мегирад (якум, дуюм ва тобистона). Донишҷў ҳақ надорад, ки дар ин муддат бе розигии Шўрои таълим таҳсилро қатъ намояд;

8. Довталаб бояд донандаи хуби забони англисӣ ва арабӣ бошад;

9. Як нафар, як маротиба метавонад аз бурсияҳо истифода кунад.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ

- Шаҳодатномаи хатми мактаб (расман тасдиқшуда);

- Шаҳодатномаи баробарарзишӣ (дар Кувайт анҷом дода мешавад);

- Нусхаи шиноснома;                             

- 6 адад сурати ранга;

- Маълумотномаи тиббӣ дар бораи гирифтор набудан ба бемориҳои сироятшаванда (расман тасдиқшуда);

- Хислатнома.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ то 22.10.2021 дар Маркази барномаҳои байналмилалӣ (дар шакли хаттӣ ва электронӣқабул карда мешаванд.

Нишонӣ: ш. Душанбе, кўчаи М.Турсунзода, 47

ў ба рўи Алиф Сармоя)

Телефон: 2-23-23-59.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш