Нашрияи Омӯзгор

Таъсиси китобхона бо иқдоми Қосимовҳо

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Дар деҳаи Паткуноби ноҳияи Дарвоз китобхонаи ба номи Абдулқодир Қосимов сохта ба истифода дода шуд. Китобхонаи мазкур дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сокинону ҷавонон ба китобхонӣ ҳамзамон, ҷиҳати иштироки фаъолонаи онҳо дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҷониби оилаи Қосимовҳо бунёд гардидааст. Дар китобхонаи мазкур 4225 адад китоб, як адад компютер, як адад ноутбук, 2700 адад китоби электронӣ буда, ғунҷоиши китобхона метавонад, то 6000  адад китобро дар бар гирад.

Дар ифтитоҳи иншооти мазкур узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон, Саъдӣ Қосимов, муовини ректор оид ба корҳои таълимии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, меҳмонон аз шаҳри Душанбе, аҳли оилаи Қосимовҳо, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ва сокинони деҳа иштирок намуданд. Раиси ноҳия Абдураҳмонзода Саидбурҳон ва сокинони деҳаи Паткуноб суханронӣ намуда иқдоми оилаи Қосимовҳоро шоистаи таҳсин хонда, арзу сипоси самимии худро ба бародарон Саъдӣ Қосимов, Диловар Қосимов ва Абдурасул Қосимов баён намуданд.

 

«Омўзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш