Нашрияи Омӯзгор

Дареғо, ки марди накуном рафт

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

 

(Чанд сатр сўгворӣ дар мотами Тоҳир Азиззода)

Хабари даргузашти нобаҳангом ва ҷигарсўзу ҷонгудози Тоҳири Азиззода ҷону дилҳои зиёдеро ба ларза овард ва чанд лаҳза ҳушу ёдҳоро бибурд ва ашхоси зиёдеро ба ҳолати шахсе расонид, ки наздиктарин пайванди худро аз даст додааст. Гувоҳи ин гуфтаҳо ба адои намози ҷанозаи муҳтарам ҳозир шудани мардуми бисёре буд, ки шумораи онҳо аз чанд ҳазор беш буд. Чунин рўзи мотами пурсўзу гудозро дер боз Мастчоҳ надида буд. Бидуни оҳанги ҳузнангез ва риққатовари мотамӣ чеҳраҳои мотамзада ва ҳайкалвор хомўши одамон аз ғаму ғуссаи сангин ва талафоти бениҳоят гарони ҷуброннопарзир дарак медод. Дар ин рўз ҳамаи мардуми ба видои охирати раис омада, азодор менамуданд. Аксари ба ҷаноза ҳозиршудагон на ба ваҷҳи мансаби марҳум, балки ба хотири хислатҳои ҳамидаи ў, хоксорӣ ва шикастнафсӣ ва дар ҳақи мардум ғамхору мададгор ва дилсўз будани ў ҷамъ омада буданд.

Вақте ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми идораи як пораи хоки Тоҷикистонро, ки Масчоҳ ном дорад, ба ў супориданд, қариб аксари мардум на чандон бовар доштанд, ки ин ҷавонмарди камҳарфи хомўширо аз пургўӣ авло дониста, аз уҳдаи сарварии ин ноҳияи ба қавли баъзе курсинишинони вилоят “вазнин” баромада метавонад. Тоҳирҷон дар як муддати кўтоҳ на танҳо худро чун сарвари кордону пухтакор ва боз ҳамчунин, роҳбари ғамхору дилсўз ва мардумӣ нишон дода тавонист.

Ў баробари ба кор сар кардан мисли дигар роҳбарон бо баҳонаи “бо тими худ” кор намудан хешутабор ва ошноёнашро дар атрофи худ ҷамъ накард, балки бо тими мавҷуд ба кор идома дод, вале аз онҳо ҷиддият ва масъулиятшиносии воқеӣ дар анҷоми вазифаашонро хост. Ба онҳо ҳамеша ин нуктаро таъкид мекард: Ба назди мо қариб одамони серу пур ва осудаҳол намеоянд, балки онҳое меоянд, ки ниёзманди ёрӣ ва дастирии моянд. Касе, ки ҳавсалаи шунидани ҳарфи чунин мардумро надорад ва дар мавриди роҳи кумак ба онҳо намеандешад, пас, ҷои ў ин ҷо нест.

Борҳо шоҳиди он будем, ки раис соатҳои тўлоние ба ҳарфи мардум гўш медод ва ба ҳалли мушкилоти онҳо кумак мекард. Ҳатто агар мушкилоти онҳо қобили ҳал набуд, бо забони хушу ҷеҳраи боз пазироиву гусел мекард.

 Боре зани солхўрдае ба дидани раис меояд. Кормандони ҳукумати ноҳия ба пурсуҷў медароянд.

- Ба раис чӣ кор доштаед хола? Раис Хуҷанд, ба маҷлис рафтанд.

-Ҳеҷ кор надоштам, гуфтанд, ки раис бисёр одами хуб аст. Ҳамту ба хабаргириааш омадам. Ҳеҷ гап не, ягон рўзи дигар меоям.

Дар давоми фаъолияти начандон тулонӣ Т. Азиззода корҳои зиёди ободониро дар ноҳия анҷом дод. Чанд муассисаи таълимӣ, боғча ва биноҳои маъмурӣ сохта шуданд. Даҳҳо километр роҳ асфалтпўш гардид. Боғи истироҳатии ноҳия бо қасри муҳташам ба истифода дода шуд. Тоҳирҷон нақшаҳои зиёде дошт, сад афсўс, ки умр вафо накард.

Вақте ки ҳамсоякишвари бемуросо ба сўи сарбозони мо тир кушод ва ба тамомияти марзу буми мо таҳдид эҷод кард, раис бо дарки масъулият ва қарзи ватандорӣ дар соатҳои ба шумор мардумро дар атрофи худ ҷамъ овард ва дар ноҳия созу барги дифои кишварро омода намуд, Худро чун сарвар ва саркардаи ҳақиқии мардуми Мастчоҳ, ки аҷдодан дорои хислати ҷабҳадорӣ мебошанд, нишон дод. Ин шуҷоати ҷавонмардонаи раис ҳамоно аз ҷониби ҳукумати мамлакат низ қадршиносӣ шуд. Ўро ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, Презденти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали “Барои хизмати шоиста” қадрдонӣ намуданд.

Дар ин замона хелеҳо аз худкомагиву фасодзадагии баъзе роҳбарон ва нодида гирифтани манфиатҳои мардум гила доранд, дар як муддати начандон зиёди фаъолият ин қадар маҳбубияту эҳтиром касб намудани Тоҳирҷони шодравон бароям ҳамчун асрори нокушодае боқӣ мемонад. Аз сўи дигар, муҳаббату эҳтироми мардум ба раиси ҷавон нишон дод, ки онҳо хубро аз бад ва аслро аз ноасл ба хубӣ фарқ мекунанд ва қадри фарзандони содиқу вафодори диёру Ватанро мешиносанд.

Чунин дарку эҳсоси мардум боиси назари некбинона ба оянда мешавад. Ояндаи рўшане, ки ба дасти ҷавононе мисли Тоҳири шодравон сохта хоҳад шуд.

Ёдат ба хайр, азизи Мастчоҳ, раиси мардумӣ, Тоҳирҷони зиндаёд!

 

Неъмат Неъматзода,

“Омўзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш