Нашрияи Омӯзгор

Базми шеъри воло

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили шеъру суруд бахшида ба 70-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Раҳмат Назрӣ бо иштироки шоирону нависандагон, аҳли адабу фарҳанг ва донишҷўёну ҳаводорони шеъри шоир баргузор гардид. Маҳфилро шоири маъруфи тоҷик Аскар Ҳаким ифтитоҳ бахшида, ба таври муфассал дар хусуси чӣ тавр ба даргоҳи адабиёт, хоса назм қадам гузоштани соҳибҷашн ва марҳилаҳои минбаъдаи эҷодии мавсуф сухан ронд. Сипас, гардонандаи маҳфил, Камол Насрулло перомуни вижагиҳои ашъори шоир андешаҳои худро баён намуда, гуфт, сурудҳои Раҳмат Назрӣ бо муҳтавои баланд, тасвиру таркибот ва ташбеҳҳои наву ноби худ аз ибтидо таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб намуда буд. Дар маҳфил Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо аз хотираҳои худ дар бораи Раҳмат Назрӣ ёдовар шуд. Дар идома табиби шинохта Муллозуҳур Тоҳирӣ дар бораи дўстияш бо Раҳмат Назрӣ ҳарф зада, китобҳои тозанашри худро ба ў тақдим кард. Базмро сарояндагон Баҳодур Неъматов, Мирзоватан Миров, Муҳаррама Шарифова, Хосият Ортиқова, Абдумаҷид Бердиев, Умари Темур бо сурудаҳояшон бар ашъори шоир ҳусну таровати тоза бахшиданд. Соҳибҷашн аз ашъори дар солҳои гуногун эҷодкардаи худ намунаҳо қироат кард, ки ҷаззобу гуворо ва хотирмон буд.

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омўзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш