Нашрияи Омӯзгор

Аҷузакампир

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Михаил ЖВАНЕТСКИЙ

(Россия)

Ҳаҷвнигори машҳури рус Михаил Жванетский 6 марти соли 1934 дар шаҳри Одесса, дар хонадони духтур таваллуд шуда, 6 ноябри соли 2020 дар Москва чашм аз ҷаҳон пўшидааст. Чанд сол дар Ленинград роҳбари бадеии Театри миниатюраи Аркадий Райкин буд ва бо барномаҳои тозаву ҷолиб шуҳрати онро афзуд. Баъдан бо ҳаҷвнигорони машҳур Роман Картсев ва Виктор Илченко дар Одесса ҳамин гуна театр таъсис дод. Солҳои 1988-2020 бахши бадеии Театри миниатюраи Москваро сарварӣ кард. Дар баробари нависандагӣ ва сенариянависӣ, барандаи барномаҳои телевизионӣ ва иҷрокунандаи ҳамешагии асарҳои худаш буд. Бо унвонҳои Ҳунарпешаи халқии Россия ва Украина қадрдонӣ шудааст.   

Соати шаши саҳар. Занги телефон. Гўшакро мебардорам.

– Илтимос, Аҷузакампирро ҷеғ занед.

– Чӣ? Киро? Бало занад…

– Не, балоро не, Аҷузакампирро ҷеғ занед.

– Шумо кистед?

– Ман - модари як бачаи бехобу беадаб. Шумо Аҷузакампир?

– Кадом бача? Кадом Аҷузакампир?

– Бачаам Сёмаҷон ном дорад. Бисёр беадабӣ мекунад. Шумо Аҷўзакампир?

– Чӣ хел Аҷузакампир? Ақлатонро хўрдаед-магар? Ман ҳунарпешаам, тамоми шаб кор кардам, акнун ба ҷогаҳ даромадам, ки як соат бихобам!

– Раҳмат, Аҷузакампир, ки даррав гўшакро гирифтед.

– Оре, гирифтам, чунки хомўш кардани телефонро фаромўш кардаам! Барои ҳамин ба балои шумо гирифтор шудам!

– Салом, Аҷузакампир!

Ҳе, бало занадат! Ҳозир гўшакро мемонам!

– Намонед, Аҷузакампир, илтимос. Бачаам нозу нуз карда истодааст, чизе намехўрад, беадабиаш ҳадду канор надорад. Медонед, Аҷузакампир, дина ба деворҳо ранги сурх молидааст ва мо ҳеҷ тоза карда наметавонем. Мурвати чароғи рўимизиро кушодааст, падараш надониста, фурўзон карданӣ шудааст, ки барқаш задааст, беҳуш хоб аст.

– Чӣ ин ҳама афсонаҳоятонро ба ман нақл карда истодаед? Бигзор, падари барқзадааш тарбияаш кунад! Ман ҳунарпешаам, шабҳо намехобам. Акнун дору хўрдаву хобиданӣ будам. О, соат шаш! Инсоф доред шумо?

– Аҷузакампир!

– Як бори дигар Аҷузакампир бигўӣ

– Не, не, Аҷузакампир, ман базўр ба шумо занг задам, илтимос, Сёмаҷонро насиҳат кунед.

– Ман биниашро канда ба дасташ медиҳам он ношудро!

– Бале, бале!

– Чӣ «бале, бале»?

– Ана, ҳамин гапҳоро ба худаш бигўед, Аҷузакампир.

– Эй мардум, о, шумо хоб доред ё не? Соат нав шаш…

– Бале, Аҷузакампир, бале, ана, бо худаш гап занед.

– Ман чунон гап мезанам, ки бачаатон умрбод аз гап мемонад! Барои бемаҳал маро бедор карданатон шумо ҳам бенасиб намемонед!

– Бале, бале, Аҷузакампир. Ана, гўшакро ба Сёмаҷон медиҳам.

– Худо ҷонатро бигирад! Афтат дар гўр! Ҳамин хелат мекунам, ки… Аҷузакампир он тараф истад, дигар аз очаи худат ҳам метарсӣ! Одамгурез мешавӣ!

– Шумо – Аҷузакампир?

– Бало занадат! Сағираи ношуд!

– Бигўед, ки шумо – Аҷўзакампир?

 – Нашунидӣ, ношуди норасид? Гум шав аз ин ҷо! Ҳунарпешаро бедор накун дигар, аблаҳ! Субҳи ҳунарпеша соати сеи рўз медамад!

– Хайр, бигўед - шумо Аҷўзакампир?

– Ман – ҳунарпеша! Ҳунарпеша тамоми шаб эҷод мекунад!

– Холаи Аҷузакампир…

– Чӣ хел ман – хола? Чӣ хел ман – хола? О, ришам аз қади ту дарозтар аст, ношуд! Дидан мехоҳӣ?

– Не, лозим не!

– Албатта, лозим не. Агар бинӣ, дигар хобат намебарад! Агар як бори дигар ягон касро бедор мекунӣ, муши бедандон… Ту ҳуштак дорӣ?

Ҳа-а…

– Медонӣ, ба куҷоят мезанам онро? Тамоми умр ҳуштак кашида мегардӣ! Дар хобат ҳам ҳуштак мекашӣ! Хоби худатро мепарониву бедор шуда боз ҳуштак мекашӣ! Як дақиқа хоб намеравӣ, ношуд! Ба ҳунарпеша кордор нашав, аблаҳ! Чунон мекунадат, ки пушаймон мешавӣ! Дар пеши ман дод нагў, ношуд, ба гўши очаат дод бигў!

– Оҳ, Аҷузакампирҷон, ман очаи Сёмаҷон, чӣ гуфтед ба ў, ки дамаш ба дарун заду оромакак ба кунҷе нишаста монд?

Ҷояш ҳамон ҷо он ношудро! Ҷои шумо – кунҷҳои дигари хонаатон!

– Мо ҳамагӣ се нафарем, Аҷузакампирҷон, кунҷҳои хонаамон – чорто…

– Ба яктояш пишакатонро шинонед!..

– Раҳмат, Аҷузакампирҷон!

– … очаатонро шинонед, отаатонро шинонед! Кӣ ба ту рақами маро дод, ҳа, кӣ дод, аз ту пурсида истодаам!

– Таваккалан занг задам... Лекин натиҷаро бинед: ман ягон вақт Сёмаҷонро чунин ором надида будам! Иҷозат медиҳед, ки ман ҳар саҳар ба шумо занг бизанам?

– Очаи Сёмаҷон, очаи Сёмаҷон, рақаматонро бигўед, ман ҳам як проблема дорам!!!

 

Тарҷумаи

Сурайё Аҳмадзода

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш