Нашрияи Омӯзгор

Равзани нур дар соярў

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 818        Шарҳ: 0

 

Номи Назар Одинаев ҳамчун муаллими мумтоз, қаламкаши пуркор дар миёни рўшанфикрони ҷумҳурӣ маъруф аст. Ў соле қабл маҷмўаи қисса ва ҳикояҳои нависандаи забардасти рус Лев Николаевич Толстойро бо номи «Камбағалон» дар шаҳри Душанбе ба чоп расонид. Дар моҳномаи «Садои Шарқ» (шумораҳои 5, 6, 7 ва 8 соли 2021) қиссае боз ҳам аз ҳамин адиби ҷаҳоншумулро таҳти унвони «Марги Иван Илич» тарҷума ва нашр намуд. Ин асар бо ибтикори Н.Одинаев бори аввал ба забони тоҷикӣ баргардон ва нашр гардид.

Маслаки аслии Назар Одинаев омўзгорист. Аммо дилдодаи илму адабиёт аст ва инак, дар айёми бознишастагӣ ба кори пурзаҳмати тарҷумонӣ машғул аст.

Бо чанд тан аз азизони хеш ба аёдати омўзгор, ба бемористони деҳкадаи Зарафшон, воқеъ дар ноҳияи Масчоҳ омадам. Он ҷо Назарро дидам, ки зонувон қад карда, рўи бистар нишаста, китоби қисса ва ҳикояҳои адиби забардаст Лев Толстойро мутолиа мекард. Дар даст қалам нукотеро сабт менамуд дар саҳифаҳои дафтари ёддоштҳояш.

Осори дард дар чеҳрааш аён буд, аммо ў дардро писанд намекард. Оташи завқи каломи бадеъ алами дардро аз ёдаш бурда… Он вақт Назар муодили русии қиссаи Толстойро рўи даст дошт. Мо акнун дар ҳамин рўзҳо баргардони тоҷикияшро (чопи 2017) дар бағал дорем.

Бемор бо мо ва мо бо ў самимона ҳолу аҳвол пурсидем. Назар ҷо-ҷое аз қиссаи «Падар Сергей»-ро нақл кард; ончунон шавқмандона ба ҳикоят пардохт, ки гўё худ шарики лаҳзаҳои аҷибу ғариб ва сарнавишти талху ширини падар Сергей буд… Ман дар рўи мизи бемор як тахт китобҳои дигарро дидам. Муаллим бо китоб ҳамроз аст. Бо китоб нафас мекашиду дармон аз китоб меҷуст.

Аз ин дидор ва мушоҳидаи банда ҳудудан се сол сипарӣ гардид. Камина ишқу муҳаббати Назарро нисбат ба сухани сабз дар рўбарўи ў аҳсант хондам ва то дер гоҳ таҳти таъсири ҳамон мулоқот қарор доштам ва дорам.

Исми омўзгор фақат дар зодномааш Назар Одинаев аст. Аммо барои ман ва як насли тамом аз хурд то калони бастагони мо, вай ҳамачун «Эшони Халифа Муҳаммадтоҳир» ё ба тариқи мухтасар бо насаби мубораки «Бобои Халифа» маъруф аст. Ҳатто ҳамсабақони душанбегияш бо нишони муҳаббат ва бо пайравӣ аз пайвандони мо Бобои Халифааш меноманд. Дар ҳар мулоқоте сўяш оғўши ҷонбахш боз мекунанд…

Инак, дастранҷи кироманди Назар Одинаев – маҷмуаи қисса ва ҳикояҳои даҳои адабиёти рус Лев Николаевич Толстой «Камбағалон»-ро ниҳоде бо номи «Бунгоҳи тарҷума ва таҳияи адабиёти ҷаҳон» интишор намудааст. Онро рўи даст дорам; асарро нашриёти «Донишварон» дар 236 саҳифа ба зевари чоп оростааст.

Ман якояки навиштаҷоти «Камбағалон»-ро хондам. Он ҷо ба ҷуз асари зикршуда қисса ва ҳикояҳои «Падар Сергей», «Иблис», «Замини барўманд», «Корней Василев», «Одамӣ бо чӣ зинда аст?» ва панҷ достони дигар интишор ёфтаанд. Иқрор бояд шуд, ки мутарҷим ба ҳадафи аслии хеш: ба дилу зеҳни хонанда расондани маънии каломи бадеъ расидааст.

Воқеан, ҷасорат ва заҳмати тарҷумон Н. Одинаев сазовори таҳсин аст. Ў ба осори Толстой рўй оварда, ҷон канда, талош варзидааст, ки забони тарҷумаҳояш фасеҳ ва баргардони маъниҳо дилрас бошанд, хонандаро дилгир насозад ва равзани нуре ба рўяш бикушояд.

Ман ба мутарҷим Назар Одинаев (Бобои Халифа) дар баробари тамҷид аз заҳмати ҷонкоҳи ў, баъзе каму костиҳои забону баёни ҳикояи маҷмуаро рў ба рў иброз намудам. Масалан, такрори пай дар пайи баъзе ибораву калимаҳо (аз ҷумла, ҷонишини «ў») малуловар ба назар расид. Истифода аз ибора ва таъбирҳои лаҳҷавӣ ё барғалат сохтае чун: коҳишоти (?) шаҳвонӣ, зани бемаззаю беҳуда, аз бозе, ки…, чи хеле, ки гуфта будам, коҳҳои зерхурдаи таги (?) хирман, ҷафс шудан, аз маҷзубӣ халос шудан ва ғайра…

Хушбахтона, Назар Одинаеви зери шаст сол, ҳоло дар гўшае аз кўҳистони хомўшу хилвати Мастчоҳ, дар деҳаи Худгифи Соя баъди нашри «Камбағалон»-и Лев Толстой ба тарҷумаи гулчине аз шоҳкорҳои адибони инглисиву фаронсавӣ, олмониву амрикоӣ ва испониёиву маҷорӣ рўй овардааст. Ў ошиқона даст меёзонад ба ганҷинаи мероси бузургон; ошиқона ба он маънӣ, ки Н. Одинаев ба вижагии зиндагии нобиғаҳои адабиёт, таърих ва сабаби эҷоди асарҳои онон ва бо ҳунари чеҳрапардозии адибон мисдоқи як профессори донишгоҳ ошност. Қиссаҳо дар забон дорад аз ин боб. Ишқи сухан, нубуғи ирсгирифта аз ниёкони покниҳодаш ўро иршодгар ва роҳнамост. Ифтихорманд аст, ки сабақи донишҳои олии суханшиносиро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аз нухбагоне чун Шарифҷон Ҳусейнзода, Воҳидҷон Асрорӣ, Соҳиб Табаров, Худоӣ Шарифов, Абдунабӣ Сатторзода, Султон Воҳидов ва бону Назира Қаҳҳорова андўхтааст. Ў ба коргоҳи тарҷимаи бадеӣ солҳои донишҷўӣ сар зада буд, вале ҳеҷ гоҳ барои чоп ва ошкор сохтани завқи тарҷумонӣ саъй накард, фурўтаниву канорагириро аз ин майдони сўхтану сохтан, ки он солҳо саҳлу осон ҳам набуд, авлотар донист. Ҷои зиндагӣ ва фаъолияти адабии ў Душанбеи маорифпарвар буд, на кўҳистони тангу тор! Аммо ба фармуди ҳикмати халқ, дер бошад ҳам, бўи мушк пинҳон намонд. Ҷаҳони зебопарастӣ – адабиёти бадеъ ўро хайрамақдам гуфт. Назар дар муҳите ба дунё омад ва ба камолоти маънавӣ расид, ки падар ва падарбузургони ў яке пас аз дигар мусаллаҳ бо донишҳои ирфонӣ ва исломӣ буданд. Ҳамном ва бобобузургаш Халифа Маҳадтоҳир кадхудое ҳотамвор сахӣ, кишоварзу боғпарваре соҳибном ва ҷавонмарде дасткушод, озодмарде огоҳ аз илмҳои замони худ буд. Ба нақл аз пирони рўзгордидаи деҳа ниёи Назар Одинаев, фақеҳи таҳсилкардаи мадрасии Бухоро – Муллоодинамуҳаммад дар замони ҳукмронии Амир Насруллоҳ (қарни нўздаҳ) аз Урметан то саргоҳи рўди Зарафшон вазифаи қозиюулқузотро бар уҳда доштааст ва дар ин симмат, бо камоли ифтихор, номи неке аз худ ба ёдгор гузоштааст.

***

Китоби тозанашри «Камбағалон» рўи даст, дар зодгоҳи ману ў – деҳаи Худгифи Соя бо омўзгор ва мутарҷими он рў ба рў нишаста, мепурсам:

- Бобои Халифа, чопи ин китоб чӣ судеву чӣ подоше ба Шумо расонд?

- Ба ман аз ҳамон «Камбағалон» даҳ нусха китоб дод нашриёт. Ба ношир раҳмат гуфтам, ки ҳосили ранҷи бандаро рўи об баровард, ба хонанда дастрас намуд. Беҳтарин подоши ман ҳамин аст.

Назар нафақахўр бошад ҳам, дар кўҳистон барояш ҳамеша шуғле ёфт мешавад, хусусан баҳору тобистону тирамоҳ: ниҳолшинонӣ, ба ифоқа овардани ҷўю замини кишт, сангчинӣ, обдорӣ, алафдаравӣ, ҷамъовариву хушк кардани меваҳои тар, парвариши картошкаву гандуму боқила ва ғайра. Аммо зимистони дерёз ва қаҳратуну пурбарф чун фориғ аз ҳама ташвишҳост, муаллим афзун ба мутолиаи осори классикон, даст мезанад ба тарҷимаи намунаҳое аз эҷоди адибони Ғарб. Ҳамон қиссаву достонҳоеро, ки ба тоҷикӣ баргардон нашудаанд, тарҷимаву таҳия мекунад ба забони модарӣ, то хонандагон, ҳарчанд хеле камшуморанд, баҳравар шаванд аз заковату хиради устодони сухан, аз ҷавҳари маонӣ, аз тафаккуру андешаи баланди онҳо. Ў ба ҳеҷ ваҷҳ пайи шуҳрат ва музди сухан намегардад. Танҳо завқи каломи бадеъ водор ба ин маслаки ҷонкоҳаш намудааст, ки аллома Иқболи Лоҳурӣ барҳақ, иқрор ба ҷабру ҷафои он аст: «Маро завқи сухан хун дар ҷигар кард!»

- Агар лоақал як ҷумла аз афкору андешаи адибон ба дили ду-се хонандаам роҳ ёбад ва ононро ба кўи умеду орзуҳои ширин бубарад, - дар поёни нишаст иброз намуд ў, – ман худро хушбахти ду дунё мешуморам. Мукофоти банда – ҳамин бас.

Муаллим маро дар деҳа бо ганҷина – китобхонааш ошно сохт. Дар ин ганҷур аввал чашмам бо маҷмуаҳое аз осори Достоевский, Балзак ва Мопасану Распутин афтад. Назар ин китобҳоро рўи мизи корияш дар увлавият гузоштааст, то имрўз ё пагоҳ даст ба тарҷимаи онҳо бизанад.

Боз як шоми хилвату хомўши тирамоҳ фаро мерасад. Худгифи Соя дар бистари тангу тор зери партави анвори маҳ ғарқи хоб аст. Танҳо шув-шуви Зарафшони саркаш нохун мезанад ба пардаи хомўшӣ. Шевани якнавоти дарёро дар дили шаб дар сари мизи корияш фақат Назари муаллим ва тарҷумон мешунаваду бас. Дилаш гум мезанад ба ёди қиблагоҳаш. Аммо ин дам аз даричаи манзили ў – аз он равзани ишқу ихлос як тора нур берун омада, кулбаи падариро бо анвори иттилоии моҳу ситорагон мепайвандад. Пайванде ҷовидонӣ ва ногусастанӣ байни наслҳои дирўзу имрўзу фардо ва он ҳам аз баракати қалами адаби барўманд Назар Одинаев, ки миёни дўтони ҷонияш бо исми мубораки Бобои Халифа маъруф аст.

 

Мирзо Шукурзода

 

 

 

Марги чунин хоҷа на корест хурд

Аз навиштаи фейсбукии адиби тоҷикзабони Ҷумҳурии Ўзбекистон Адаш Истад огоҳ гардидем, ки шоир, драманавис, адабиётшинос, узви Шўрои Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Деваштич, Аълочии маорифи халқи Ўзбекистон Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ 18 октябри соли 2021 дар 78-солагӣ дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон аз ҷаҳон дида барбастааст.

Ин шахсияти шинохтаи олами илму адабиёти ду ҳавзаи адабӣ: Ўзбекистон ва Тоҷикистон 31-уми июли соли 1943 дар деҳаи Қаволаи ноҳияи Самарқанди Ҷумҳурии Шўравии Ўзбекистон ба дунё омадааст. Номбурда дар кўдакӣ, дар натиҷаи фалокате маҷрўҳ гардида, ҳаштуним солро рўйи бистари беморӣ гузаронидааст. Бо ин ҳол то синфи ҳафтум дар дабистони русии бемористон ва шурўъ аз синфи ҳаштум дар мактаби миёнаи №16 таҳсил кардааст. Пас аз хатми факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омўзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ (бо дипломи аъло) солҳои 1965-1983 дар идораи маорифи халқи ноҳияи Самарқанд ба ҳайси сармуҳосиб, аз соли 1983 то 1996 ба ҳайси сармуҳосиби идораи таълими вилояти Самарқанд адои вазифа намудааст. Ба эҷоди шеър аз 16-солагӣ (тоҷикӣ ва ўзбекӣ) шуруъ кардааст. Худи шоир дар ин бора гуфтааст: «Ман худам намедонам, ки аз кай ба шеърнависӣ оғоз намудаам ва аввалин шеърам кадом аст. Чунки ман дар даруни шеър калон шудаам, мо бо шеър бозӣ мекардем, модарам моро бо шеър бедор мекарданд, ки на дар ҳама хонадон ин чиз буд...»

Намунаҳои ашъори адиб дар рўзномаву маҷаллаҳои гуногуни кишварҳои Ўзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Эстония, Фаронса, Лондон, Амрико, Исроил чоп шудаанд. Ҳамчунин, 100 ғазали Саъдии Шерозӣ, 120 ғазали Ҷомӣ ва дигар шоиронро ба забони ўзбекӣ тарҷума кардааст.

Чанд драмаи манзум низ  офаридааст, ки «Меҳри пирўз ё зодаи нур» ва дилогияи «Дарди рўзгори Одам» иборат аз ду намоишнома («Бародаркуш» ва «Фаромўшӣ») аз он ҷумлаанд. Дилогияи «Дарди рўзгори Одам» соли 1997 дар озмуни драманависони тоҷик сазовори мукофоти дувум гардидааст. Соли 2000 ширкати синамои «ДУНЭ»-и Фаронса дар ҳамкорӣ бо филмсозони Испания дар бораи Ҳаёт Неъмат филми мустанаде бардоштааст.

Олими пуркор дар бисёр конференсияву симпозиумҳои байналхалқӣ, ки дар кишварҳои Ўзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Арманистон, Лондон баргузор гардидаанд, фаъолона ширкат варзидааст

Монографияҳои илмияш таҳти унвони «Фарҳанги мардумии осори Мавлавӣ» (2014) ва «Фарҳанги вожаҳо ва ифодаҳои мардумӣ дар осори Мавлавӣ» (2017) ба чоп расидаанд. Чанде пеш дар Тоҷикистон китоби навбатияш “Сипеҳри орзу” бо зевари табъ ороста гардид, ки ҳосили заҳмати беш аз 30-солаи Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ мебошад. Дар маҷмуаи мазкур зиндагинома ва намунаҳо аз осори теъдоди зиёди шоиру нависандагони порсигўи Самарқанд (179 нафар) дар асрҳои 20 ва 21 ҷой гирифтааст. Мураттиб як сол дар шаҳри Душанбе зиста, навиштани китоби орзуҳояшро ба номи “Сипеҳри орзу” ба поён расондааст. Барои таҳияи китоби мазкур ба хонаи ҳар як шоиру нависанда рафта, аз пайвандону наздиконашон маълумот гирифтаву асарҳои онҳоро дастрас кардааст. Барои пайванди маънавии тоҷикони Тоҷикистону Ўзбекистон корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Дар яке аз мусоҳибаҳояш Ҳаёт Неъмат чунин иброз доштааст: “Агар мо имрўз оид ба доираи адабии тоҷикони шаҳри Самарқанд сухан гўем, он фаъолтарин доираи адабӣ аст. Мо аз Тоҷикистон ҷудо нестем. Дар Самарқанд зиёда аз 200 адиби тоҷик кору зиндагӣ мекунад ва 15 нафар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳастанд”...

Аҳли қалами нашрияи “Омўзгор”-и Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз даргузашти шоир, драманавис, адабиётшиноси маҳбуб Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ андуҳгин буда, ба ҷамъи наздикону пайвандони марҳум ибрози ҳамдардӣ менамоянд. 

Ёди ин марди пурталоши олами фарҳангу адаб гиромӣ боду хонаи охираташ обод!

“Омўзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш