- Нақшаҳои таълимии бахши ғоибона оид ба тахассусҳои амалкунандаи донишкада, бо назардошти талаботи гузариш ба низоми фосилавӣ ва мутобиқ ба дастурҳои нави Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз нав таҳия ва тасдиқ гардиданд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Хайриддин Идиев. – Ҳамчунин, бо мақсади пурра татбиқ намудани низоми фосилавӣ дар донишкада Маркази таҳсилоти фосилавӣ таъсис дода шуд.
Қайд гардид, ки бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва тибқи талаботи меъёрӣ ба роҳ мондани низоми таълим дар донишкада сохтори нав таҳия гардид, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанг тасдиқ шуд. Тибқи сохтори нав чанд кафедра, аз қабили бойгоншиносӣ, технологияи телевизион ва педагогика ва низоми иттилоотӣ дар фарҳанг таъсис ёфт. Дар доираи татбиқи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ факултаи санъати мусиқии мардумӣ созмон дода шуд.
Ҳамкориҳои байналмилалӣ аз самтҳои дигари фаъолияти донишкада маҳсуб меёбад. Дар ин доира донишкада бо Консерваторияи давлатии шаҳри Москва ба номи П. И. Чайковский ва ДДСФ Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишкада тасмим гирифтааст, ки дар ҳудуди муассиса қасри варзишии дуошёнаро созад. Ҳамчунин, ду бинои таълимӣ, бинои хобгоҳ ва чанд синфхонаи иловагӣ барои фаъолият дар шакли таҳсилоти фосилавӣ тармиму азнавсозӣ карда мешаванд.
Донишкадаро имсол 439 нафар (274 нафар рӯзона, 165 нафар ғоибона) хатм намуданд. Аз ин шумора 49 нафар соҳиби дипломи аъло гардиданд.
Ҳотами Ҳомид,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр